Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе расман эълон кард, ки Эрон ба сафи кишварҳои узви Созмон пазируфта шуд. Қарор дар ин бора дар нишасти 23-юми Созмон таҳти раёсати Ҳиндустон қабул шуд.

Дар кори нишаст ҳамаи давлатҳои узви СҲШ иштирок карданд. Беларус, Эрон ва Муғулистон ба сифати нозирон даъват шуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони ду мақоми созмон - Котиботи СҲШ ва Сохтори минтақавии зидди терроризми Созмон ҳузур доштанд. Ғайр аз ин, роҳбарони Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД, СММ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва  ИДМ низ иштирок карданд.

Нишаст дар шакли онлайн баргузор шуд.

Эрон узви нуҳуми иттиҳоди байнидавлатӣ шуд. Моҳи сентябри соли 2022 дар нишасти СҲШ дар Самарқанд дар бораи уҳдадориҳои Эрон бо мақсади узвият ба Созмон ёддошт ба имзо расида буд, хабар медиҳад ТАСС.

Дар котиботи СҲШ дар Пекин маросими тантанавии барафрохтани парчами Эрон доир гардид.

Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ зимни ҷаласаи нишаст изҳор дошт, ки ҳукумат ва мардуми Эрон аз пазируфтани кишварашон ба ин созмон изҳори сипос мекунанд.

"Мо гуфтаҳои самимонаи Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон ва талошҳои ӯ барои мизбонии ин нишастро хеле қадр мекунем. Аз фурсат истифода бурда, аз номи ҳукумат ва мардуми Эрон барои пазируфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви комилҳуқуқи СҲШ изҳори сипос мекунам”, - гуфт ӯ.

Иброҳим Раисӣ зикр кард, ки узвияти Эрон дар СҲШ ба ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодӣ имкон фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Раисӣ, Эрон бо Русия барои  бунёди долонҳои нақлиётӣ дар минтақа ба ҳамкориҳо вусъат мебахшад...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.