Имрӯз, 30-юми ноябр, дар мадрасаи “Ал-Ҷиҳодӣ”-и Самангон, дар шимоли Афғонистон таркиши шадид рух дод. Расонаҳои Афғонистон то ба ҳол аз марги 35 ва захмӣ гаштани 23 нафар иттилоъ медиҳанд.
Ин инфиҷор вақти намози аср дар мадрасаи динии “Ал-Ҷиҳодӣ” рух дода, Абдулнафӣ Такур, сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон* онро таъйид кардааст. Ӯ ба хабаргузории “Afghanistan International” гуфтааст, бар асари таркиш дар мактаби динии шаҳри Айбак дар Самангон дастикам 10 нафар кушта шудаанд.
Ба иттилои “8-и Субҳ”, дар натиҷаи ин таркиш 35 нафар кушта ва 23 нафари дигар захмӣ шудаанд.
“Ба гуфтаи беморхонаи Айбак, ки захмиён ва ҷасади кушташудагон ба онҷо оварда мешаванд, аксари онҳо шогирдони мадраса мебошанд”, - менависад хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, пизишки бемористони музофотӣ ба хабаргузории “TOLOnews” гуфтааст, ки дастикам 15 кушта ва 27 захмӣ дар бемористон ҳастанд.
Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки намояндагони Толибон пас аз таркиш мадрасаро муҳосира кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, дар маҳалли таркиш аксу навор бигиранд.
Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, то ба ҳол масъулияти таркиш дар мадрасаро бар ӯҳда нагирифтааст.
Бояд гуфт, ки баъди ба даст овардани қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, дар қаламрави ин кишвар пайваста ҳамлаҳои террористӣ сурат мегиранд. То ин дам ДОИШ-и Хуросон*, як шохаи афғонистонии созмони мамнӯи террористии “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом”*, масъулияти аксари ҳамалоти террористӣ дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти БИР ҷанбаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия марзи 3 ҳазорро убур кард
Тоҷикистон дар ҷойи охир. Муқоисаи нарх ва суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вокуниши Кумитаи андоз ба хабари “Азия-Плюс”
Як ҳафтаи ҷаҳон: моҷарои ҷосусӣ байни Вашингтон ва Пекин, бастаи нави таҳримҳо, авф дар Эрон
Ширин Амонзода: “Ба кори илмӣ машғул мешавам”
Дарахтро беиҷоза буриданду мошинро дар ҷойи манъшуда шустанд? Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист шикоят баред
WGC: Захираҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 4 тонна зиёд шуданд
НАВШУДА. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия: Дақиқ хоҳем кард, ки миёни қурбониёни заминларза шаҳрванди мо ҳаст ё не
“3-4 рӯзи охир ва 3-4 рӯзи аввали моҳ”. Раиси “Амонатбонк” норасоии пули нақд дар банкоматҳоро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста