Созмони Афви байналмилал дар вокуниш ба таркиш дар як мадрасаи динӣ дар Саманагон, ки дирӯз, 30-уми ноябр рух дод, гуфтааст, ки Толибон* дар таъмини амният мутлақ нокоманд. Дар ин бора хабаргузории “aamajnews” хабар медиҳад.

Афви байналмилал гуфтааст, “ин рӯйдод нишондиҳандаи нокомии мутлақи Толибон дар иттихози ҳар гуна тадобири мушаххас барои ҳифозат аз мардум, ба вижа касоне аст, ки умдатан дар мадрасаҳо, масҷидҳо, марказҳои омӯзишӣ ва маконҳои умумӣ ҳадаф қарор гирифтаанд”.

Созмони Афви байналмилал изофа кардааст, ки ин “ҳамлаи маргбор ёдоварии дигаре ба ҷаҳониён аст, ки ранҷҳои мардуми Афғонистон ҳанӯз ба поён нарасидааст”.

Ин созмони байналмилали гуфтааст, ки Афғонистон таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро металабд ва бояд талошҳои ҷиддӣ барои муҳофизат аз мардуми ин кишвар сурат гирад ва касоне, ки масъули чунин ҳамлаҳо ҳастанд, дар муҳокимаҳои одилона бо адолат рӯбарӯ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, дар мадрасаи «Ал-Ҷиҳод»-и шаҳри Айбак, маркази вилояти Саманагони Афғонистон таркиш рух дод. Тибқи омори Толибон 10 донишомӯзи ин мадраса кушта ва шуморе ҳам захмӣ шудаанд. Расонаҳои Афғонистон аз кушта шудани 35 нафар кушта ва захмӣ гардидани 23 кас иттилоъ медиҳанд.

То кунун масъулияти ҳамла ба мадрасаи Саманагонро ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.