Майк Поммео, вазири умури хориҷаи пешини Амрико дар китоби нави худ навиштааст, ки “бо раҳбарони зиёде дидор карда ва миёни онҳо Ашраф Ғанӣ бадтарин будааст”.

Ӯ дар китоби “Ҳаргиз кӯтоҳ наё”-и худ навиштааст, “Ғанӣ тақаллубкори айёр буд, ки барои расидан ба қудрат, ҷони сарбозони Амрикоро бар ҳадар дод. Ҳаргиз омода набуд барои кишвараш азхудгузарӣ кунад ва хатарро пазирд”.

Помпео, ки дар замони маъмурияташ ба унвони вазири хориҷаи Амрико, паймони сулҳи ИМА ва Толибон* имзо шуд, бахшҳое аз ин китобро ба Афғонистон ихтисос дода, навиштааст, вақте музокироти сулҳ шиддат гирифт, Ғанӣ як мушкил дар роҳи музокирот буд.

“Ашраф Ғанӣ, дар миёни раҳбарони Афғонистон фоқиди эътибор ва маҳбубият буд ва ҳаргиз як раҳбари муносиб барои он кишвари ҷангзада ва чанд порча набуд”, - менависад Помпео.

Ӯ яке аз иштибоҳҳои Амрико дар Афғонистонро кӯшиши бунёди артише ба сабки артиши Амрико гуфтааст.

“Амрико неруҳои амниятии Афғонистонро бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта, аз ҷумла истифода аз ҳамалоти ҳавоӣ, омӯзиш дод, дар ҳоле, ки онҳо бояд барои ҷангҳои чирикӣ ва набард дар дар кӯҳҳо омӯзиш медиданд”, - навиштааст ин мансабдори амрикоӣ.

Ба андешаи Помпео нерӯҳои амниятии Афғонистон хуб меҷангиданд, аммо аз ҳимояти роҳбарияти Афғонистон бархӯрдор набуданд, зеро ҳукуматро фасод иҳота карда буд.

“Ҳар бор, ки бо раҳбарони сиёсӣ ва ҳатто намояндагони Толибон дидор мекардам, аз Ғанӣ шикоят доштанд. Ғанӣ бештари умри худро дар Амрико, созмонҳои лобигарии Вашингтон ва ҳалқаҳои сиёсӣ ва академикии Амрико гузаронда буд ва раҳбари муносиб барои Афғонистон набуд”, - гуфтааст Помпео.

Номбурда пеш аз ин дар мусоҳибае гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо раванди сулҳ мухолиф буд ва дар интихобот бештар аз рақиби худ тақаллуб кард.

Майк Помпео дар китобаш менависад, Амрико дар соли 2017 ба ин натиҷа расид, ки Афғонистон дигар таъминкунандаи манофеъи Кохи Сафед нест. Чун ба гуфтаи ӯ, Амрико ба аҳдофе, ки мехост расида буд.

Қобил зикр аст, ки “Тавофуқномаи Давҳа” миёни Амрико ва Толибон дар замони вазирии Майк Помпео тавассути Залмай Халилзод имзо шуд.

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон дар нимаи августи соли 2021 аз Кобул фирор кард ва Афғонистон ба дасти Толибон суқут кард.

Солеҳ: Китоб Помпео пур аз дурӯғ аст

Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури фирории Афғонистон ба навиштаҳои Помпео вокуниш карда, гуфтааст, он “абардурӯғ” аст.

Амруллоҳ Солеҳ

“Ашраф Ғанӣ борҳо гуфт, ки ҳозир аст интихоботи зудҳангом мутобиқ ба замонбандии СММ баргузор шавад ва дар интиқоли қудрат арзишҳо ҳиросат гардад. Аммо Толибон интихоботро ба масобаи нобудии худ талаққӣ мекарданд ва мекунанд”, - навиштааст Солеҳ.

Ба гуфтаи Солеҳ “барои Амрико арзишҳо беарзиш шуда буд ва онҳо шитоб доштанд, ки дар таомули пинҳонӣ бо Покистон ва ошкор бо Толибон рӯйи ҳама шиорҳо ва арзишҳо по бигузоранд ва барои ҷангҳои бузург ва оянда омода шаванд. Фурӯгузории Афғонистон ба коми Раволпандӣ ва Толиб фактори нав дар сиёсаташон буд”.

Ӯ ҳамчунин гуфта, ки пас аз соли 2021 ҳеҷ навъ робита бо Ғанӣ надорад, аммо ошкорсозии дурӯғ ва дасисаҳои ғарбиҳо ва ба хусус амрикоиҳо дар қиболи мардуми Афғонистон маънои дифоъ аз кадом шахс нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.