Аз 26 декабр то 22 январ зиёда аз 11 млн нафар дар саросари ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфта, беш аз 55 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Дар ин хусус дар гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) маълумот дода мешавад. Дар муқоиса бо 28 рӯзи пешин шумори ҳолатҳои марг 13% афзудааст.

Бино ба маълумоти Созмон, шумори ҳолатҳои сироятёбӣ дар ин давра 25% кам шудааст.

Теъдоди аз ҳама зиёди беморон дар Ҷопон (672 526), ИМА (323 721), Кореяи Ҷанубӣ (192 638),Чин (142 066) ва Бразилия (114 916) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти созмони байнулмилалӣ, аз оғози пандемия 664 873 023 нафар сироят ёфта, 6 724 248 фавтиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.