Моҷарои ҷосусӣ: кураи ҳавоии Чин дар фазои Амрико

ВВС рӯзи 4 феврал хабар дод, ки ИМА дар ниҳояти кор кураи ҳавоӣ (аэростат)-и мансуб ба Чинро зада афтониданд. Он ҳанӯз 1 феврал дар фазои қаламрави иёлат (штат)-и Монтана, ки пойгоҳи Неруҳои ҳарбии ҳавоии ИМА Малмторм ва мушакҳои стратегии Minuteman дар он ҷо қарор доранд, ошкор шуда буд.

Давоми якчанд рӯз ҳарбиёни Амрико парвози ин кураро дар фазои қисмати шимолии кишвар мушоҳида карданд. Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки аэростат воқеан ба Чин тааллуқ дорад, аммо барои ҳадафҳои шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст ва бо сабаби аз роҳ баромадан ба самти дигар тасодуфан ба ИМА парвоз кардааст.

Аммо, ИМА кураро як дастгоҳи иктишофӣ (разведка) дониста, парвози онро ҳамчун нақзи дағалонаи сарҳадҳои ҳавоии кишвар арзёбӣ намуданд.

Ҳанӯз аз оғоз бисёре аз низомиён ва сиёсатмадорони ИМА ба сарнагун кардани аэростат даъват карданд, аммо бо сабаби хатари афтодани он ба иншооти ғайринизомӣ, қарори нобуд кардани он чанд рӯз ба таъхир гузошта шуд.

Дар ҳамин ҳол, Пентагон (Вазорати дифои ИМА) “кураи дуюми иктишофӣ”-и Чинро дар фазои Коста-Рика ва Венесуэла мушоҳида кардааст. Бино ба иттилои Би-би-сӣ бо истинод ба манобеъи Пентагон, Чин аксаран аз чунин аэростатҳои махсус  барои иктишоф истифода мекунад, зеро ин кура ҷузъиёти беҳтари тасвирро фароҳам меорад.

Ба иттилои РБК, Пентагон бар ин назар аст, ки ин кура як қисми барномаи густардаи ҷосусии Чин аст; дар замонҳои гуногун "панҷ аэростати ҷосусӣ дар гирди кураи замин давр мезад ва дар даҳ соли охир Чин дар саросари ҷаҳон аз 20 то 30 чунин парвоз анҷом додааст".

Баъди аз ҷониби низомиёни ИМА нобуд кардани кура дар болои уқёнуси Атлантика, равобити ду кишвар дубора бад шуд. Дар натиҷа Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, сафари худ ба Чинро, ки аз 5 то 6 феврал пешбинӣ шуда буд, ба таъхир гузошт. Қарор буд, ки ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла амнияти байналмилалӣ, Тайван ва ковидро баррасӣ кунанд.

Вазорати хориҷаи Чин дар робита ба ин ҳодиса эътирози расмӣ пахш карда ва таъкид кардааст, ки "кишвар ҳақ дорад посух бидиҳад". Лекин мушаххас нест, ки маҳз чӣ гуна посух.

Бастаи даҳуми таҳримҳо

Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни сафар ба Киев ба нишасти “Иттиҳоди Аврупо-Украина” Урсула фон дер Ляйен, президенти Комиссияи Аврупо изҳор дошт, ки то якумин солгарди оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина - 24 феврал, бастаи даҳуми таҳримҳо алайҳи Русия маъқул дониста хоҳад шуд.

Ӯ ҳамроҳи роҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел ва аксарияти аъзои Комиссияи Аврупо ба пойтахти Украина омад.

Рӯзи шанбеи 4 феврал Вазорати мудофиаи Канада навори видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна аввалин танки "Leopard 2"-ро ба Украина мефиристад.

Deutsche Welle дар ин робита менависад, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ният доранд, ки 30 ҳазор низомии украиниро барои истифода аз таҷҳизоти низомии ғарбӣ омӯзонанд. Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо барои поксозии минаҳо ба Украина 25 млн евро ҷудо мекунад.

Гузоришҳо дар бораи интиқоли босуръати аслиҳаи вазнин ба Украина дар пасманзари маълумот дар бораи ташдиди вазъи низомӣ дар Донбасс дар чанд рӯзи ахир садо медиҳанд.

Илова бар ин, дар расонаҳои ғарбӣ ва Украина дар бораи эҳтимоли ҳамлаи густурдаи артиши Русия дар охири моҳи феврал - солгарди оғози ҷанг гузоришҳои бештар пайдо мешаванд.

ТАСС бо истинод ба як манбаъ дар Думаи давлатӣ хабар медиҳад, ки наздиктар ба ҳамин рӯз, шояд ироаи паёми президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федералӣ сурат бигирад.

Путин дар бораи "Leopard"-ҳо ва даъвати Володин аз СММ

Маскав ба натоиҷи нишасти Киев бо иттиҳомоти нав ба "Ғарби дастаҷамъона" дар ғаразҷӯӣ ва меъёрҳои дугона вокуниш нишон дод.

Ба ин тартиб, президент Владимир Путин зимни суханронӣ дар маросими таҷлили 80-умин солгарди ҷанги Сталинград дар Волгоград ҷанги феълӣ дар Украинаро бо Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муқоиса карда, изҳор намуд, ки ба Русия "боз бо танкҳои олмонии Leopard, таҳдид мекунанд, ки дар онҳо тасвири салибҳо кашида шудааст".

Дар навбати худ, бино ба маълумоти нашрияи "Аргументы и факты", раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин аз СММ даъват намуд, ки “ҷиноятҳои ИМА-ро зидди инсоният” тафтиш кунад.

Ҳамзамон Володин ба унвони мисол аз шароити вуруди нерӯҳои НАТО ба Ироқ дар аввали солҳои 2000-ум ёдовар шуд.

"Шӯрои амнияти СММ ба Вашингтон ҷиҳати истифодаи нерӯ иҷоза надод, аммо ба ҳар ҳол низомиёни амрикоӣ ба Ироқ ҳамла карданд. Ним миллион ғайринизомиён қурбонӣ шуданд, президент кушта ва кишвар нест шуд", - иброз дошт Володин.

Володин хотиррасон намуд, ки 5 феврали соли 2003 котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ Ироқро ба тавлиди силоҳи қатли ом айбдор кард. Ба сифати далел, Пауэлл найчаи озмоишии дорои "моддаи сафед"-ро пешниҳод кард, ки гӯё намунаи силоҳи биологӣ буд.

Баъдтар маълум шуд, ки Пауэлл барои эътимоднокӣ аз шиша (найча)-и қалбакӣ истифода кардааст.

Санҷиши Абрамович ба хиёнати давлатӣ

Бино ба маълумоти портали Сентразия, имрӯзҳо Думаи давлатӣ ба Прокуратураи генералии Русия ҷиҳати дар мавриди хиёнати давлатӣ санҷидани миллиардер Роман Абраомвич, ки замоне ӯро “ҳамёни Елтсин” меномиданд, дархост фиристодааст.

Сабаби ирсоли дархост маълумот дар бораи он будааст, ки 2,3 миллиард фунт стерлинги аз ҷониби олигархи рус Роман Абрамович аз фурӯши бошгоҳи футболи "Челси" гирифташуда ба "фонди дастгирии қурбониёни ҷанг дар Украина" меравад.

Вакилони Русия хостаанд, муайян шавад, ки Абрамович ин хайрияро ихтиёрӣ кардааст ё на ва агар ин тавр бошад, ӯро "барои хиёнат ба Ватан" ба ҷавобгарӣ кашанд.

Пас аз сар задани ҷанҷол хадамоти матбуотии Абрамович тавзеҳ дод, ки миллиардери рус, ки зери таҳримҳо афтода буд, ба маблағҳое, ​​ки аз фурӯши бошгоҳи Челси ба даст омадааст, дастрасӣ надорад ва аз ин рӯ наметавонад онҳоро ба “қурбониёни ҷанг дар Украина диҳад".

Қазияи Роман Абрамович ба далели наздикии соҳибкор ба Кремл як вокунишҳои вижаеро дар расонаҳо ба бор овард; айни замон ӯ то ҳол ба феҳристи таҳримҳои ИМА шомил нашудааст, ки бинобар ин, ӯро баъзан миёнарави эҳтимолӣ дар тамосҳои ғайрирасмӣ байни Ғарб ва Маскав меноманд.

Варзиш аз сиёсат ҷудо аст?

Тӯли тамоми ҳафтаи гузашта баҳсҳо дар бораи имкони роҳ додани варзишгарони рус ба Олимпиада идома доштанд. Ба гузориши Би-би-сӣ, раҳбарияти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) аввали соли ҷорӣ дар бораи иҷозаи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ба варзишгарони ҷудогонаи Русия ҳарф зада буд.

Тавре ки маълум аст, ба варзиши Русия таҳримҳо ҷорӣ карда шуданд. Акнун, агар таҳримҳо сабуктар карда шаванд, яке аз шартҳои асосии ба миён гузоштаи КБО ин хоҳад буд: варзишгарон набояд бо сухан ё амал аз ҳамлаи Русия ба Украина пуштибонӣ кунанд.

Қарори КБО ҳам варзиши Русия ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонии варзишро тақсим кард. Украина таҳдид мекунад, ки агар ҳадди ақалл яке аз варзишгарони Русия ба Бозиҳои навбатии олимпӣ даъват шавад, онро таҳрим мекунад.

Дарвоқеъ, қазияи иҷоза ба варзишгарони рус аллакай аз доираи худи КБО берун рафта, мавзӯи байнулмилалӣ касб кард. Қарор дар ин ё он самт ҳатман намунае хоҳад буд дар посух ба суоли он, ки то куҷо варзиш аз сиёсат холӣ аст ва оё давлатҳое, ки меъёрҳои байналмилалиро нақз мекунанд ва таҳти таҳрим қарор доранд, дар оянда ба Бозиҳои олимпӣ пазируфта хоҳанд шуд.

Авф дар Эрон: озодӣ пас аз тавба

Рӯзи якшанбе, 6 феврал роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ нияти афв кардани "даҳҳо ҳазор" маҳбусонро, ки аксари онҳо дар тазоҳуроти бузурги зиддиҳукуматии ахир боздошт шуда буданд, эълон кард.

Ба иттилои ИРНА, ин амали афв ба солгарди навбатии инқилоби исломии соли 1979 рост омад.

“Онҳое, ки дар ҷосусӣ ба нафъи сохторҳои хориҷӣ гунаҳкор нестанд, ба иртиботи мустақим бо агентҳои хориҷӣ, қасдан куштор ё расонидани зарари ҷисмонӣ, расонидани зарар ва оташ задани моликияти давлатӣ муттаҳам нашудаанд, авф хоҳанд шуд”, - зикр мешавад дар хабар.

Дар он ҳамчунин таъкид шудааст, ки аксари боздоштшудаҳо "дар пайи таблиғи душман даст ба аъмоли нодуруст ва ҷиноят задаанд ва ҳоло бисёре аз ҷавонон аз ин аъмоли худ пушаймон шудаанд". Яке аз шартҳои афв тавбаи оммавӣ ва дархости афв аз ҷониби маҳкумшудагон мебошад.

Дар поёни моҳи сентябри соли 2022, пас аз марги Маҳсо Аминӣ, ки ба далели нодуруст пӯшидани ҳиҷоб боздошт шуд, эътирозҳои оммавӣ дар Эрон оғоз ёфта, то ба наздикӣ идома дошт.

Тибқи маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ, дар рафти намоишҳо беш аз 450 кас халоку зиёда аз 19 ҳазор кас дастгир карда шуданд ва садҳо нафар ба қатл маҳкум шуданд. Ба эҳтимоли зиёд, амали афви дастаҷамъӣ низ бо мақсади коҳиши шиддати эътирозҳо дар Эрон роҳандозӣ мешавад.

Iran International гузориш медиҳад, ки дар бисёре аз мавридҳо мардум барои паёми одӣ ба касе дар хориҷ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудаанд.

Даври нави гуфтушунидҳо дар минтақаи Исфара-Ботканд

Бино ба иттилои Радиои Азатлик, рӯзи 2 феврал вохӯрии Абдикарим Алимбоев, намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ҳудудӣ танҳо тавассути гуфтушуниди сулҳомез ҳал шаванд. Илова бар ин, ҳайатҳои ду кишвар ба мақомоти маҳаллӣ дастур додаанд, ки дар байни аҳолии наздик ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Охири моҳи декабр президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни як сафари корӣ ба вилояти Бодканд изҳор дошт, ки ният дорад то тобистони соли 2023 корҳои мушаххас кардани марзи Қирғизистону Тоҷикистонро анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта як манбаи расмии президенти Қирғизистон Садир Жапаров хабар дод, ки Ҷумҳурии Беларус ба Бишкек маҷмааи муосири зиддимушакии «Печора-2 БМ» интиқол додааст.

Гуфта мешавад, дар семоҳаи чоруми соли 2022 бо ҶСП “Белтехэкспорт” барои таҷдиди низоми зиддимушакии С-125 то сатҳи низоми зиддимушакии “Печора-2” БМ қарордод ба имзо расид. Тибқи шартнома, ҳоло навбати якуми маҷмаа оварда шудааст. Ин маҷмаа, тибқи иттилои истеҳсолкунанда, "барои нест кардани силоҳҳои ҳамлаи ҳавоӣ дар масофаи наздик ва миёна" тарҳрезӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар корхонаҳои бахши мудофиаи хориҷӣ чархболҳои ҷангии Ми-8 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, автомашинаҳои боркаш, тиббӣ ва микроавтобусҳо харида шудаанд.

Ба иттилои Спутник Тоҷикистон, Қирғизистон инчунин аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини модели “Анка” харидааст. Қирғизистон қаблан як қатор ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлавари Туркии “Байрақтар”, “Аксунгур” ва Акинжи” харидорӣ карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.