Тибқи эълони сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон бо оғози соли таҳсили ҷадид, танҳо донишҷуёни писар ба донишгоҳҳо мераванд. Дар ҳамин ҳол, шуморе аз донишҷуёни духтар дар номае аз донишҷуёни писар хостаанд, то донишгоҳҳоро таҳрим кунанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад.
Дар номаи саркушодаи донишҷӯёни маҳрумшуда аз таҳсил омадааст, ки “миллионҳо духтар дар саросари Афғонистон бо чашмони ашкбор ба сӯи истодагии шумо хоҳанд нигарист ва шуҷоату ҳамроҳии шуморо таҳсин хоҳанд кард. Мо болои шумо садо мекунем, ки донишгоҳҳоро таҳрим кунед”.
Духтарони донишҷӯ ҳамчунон гуфтаанд, ки маҳрум кардани духтарон аз таҳсил бар хилофи ормонҳои муштараки занон ва мардон барои худкифоии Афғонистон аст ва бояд дар муқобили он истод.
Дар нома ҳамчунон гуфта шудааст, ки онҳо ваъдаи донишҷуёни писар дар ҷараёни эътирозҳо ва шиори “ё ҳама ё ҳеҷ кас”- ро ба ёд доранд ва мунтазиранд, то ҷаҳон истодани донишҷуёни писарро дар канори адолат ва озодӣ бубинад.
Донишҷуёни духтар ба ҳамсинфони писарашон гуфтаанд, “ба Толибон* дарс бидиҳед, ки вақте як миллат тасмим бигирад метавонад ба соддагӣ сохторҳои як гурӯҳи террористиро бо фурӯпошӣ рӯбарӯ кунад”.
Бояд гуфт, ки тибқи эълони сарпарасти Вазорат таҳсилоти олии Афғонистон, рӯзи душанбе, 6-уми март, нахустин рӯзи оғози соли таҳсили ҷадид аст.
Дар мактуби нашршуда аз сӯи ин вазорат, санаи бозгашти духтарон ба донишгоҳҳо мушаххас нашуда аст.
Толибон ҳудуди чаҳор моҳ пеш дари донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон бастанд. Иқдоме, ки эътирозҳои густурдаи донишҷӯён ва ҳам созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсонро дар пай дошт.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста