Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба муносибати солгарди кушта шудани Абдулалӣ Мазорӣ, роҳбари пешини Ҳизби ваҳдати Афғонистон, гуфтааст, ки “бовари истибдодии” Толибон ҳанӯз ҳам тағйир накардааст ва ин гурӯҳ барои идомаи “ҳукумати истибдодии” худ, дар пайи “эҷоди ихтилоф, фитна ва тафриқа” дар миёни насли ҷадид мебошад. Дар ин бораи рӯзномаи "8-и субҳ" иттилоъ медиҳад.
Аҳмад Масъуд рӯзи душанбе, 13-уми март, бо нашри як навори савтӣ ба муносибати бистуҳаштумин солгарди кушта шудани Мазорӣ гуфтааст, ки “пирӯзии муборизаи барҳаққи мардуми ниёзманд, иттиҳод аст”.
Ӯ афзудааст, “иттиҳод ва инсиҷоми мо имрӯз барои таҳаққуқи ормонҳои шуҳадои мо, алалхусус ормони шаҳидоне чун устод Мазорӣ, ки имрӯз дар солгарди шаҳодаташ қарор дорем, амре лозимӣ ва воҷиб аст”.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ Мазориро “садои расои мубориза алайҳи истибдод” хонда ва афзудааст, ки Толибон* ба унвони як “гурӯҳи истибдодӣ”, ба далели ин ки идомаи фаъолитҳои ӯро барои худ “хатарнок” медонистанд, ҳазфаш карданд.
Аҳмад Масъуд дар бахши дигаре аз паёми худ, хитоб ба ҳаводорони Абдулалӣ Мазорӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Бурҳонуддин Рабонӣ ва дигар чеҳраҳои сиёсии таъсиргузори Афғонистон, ки дар 30 соли ахир ба дасти Толибон ё гурӯҳҳои муттаҳиди онҳо кушта шудаанд, гуфтааст, “роҳи дурусти зинда нигоҳ доштани ёди шуҳадо, иттиҳоду иттифоқ ва пирӯз кардани муқовамат ва истодагии мардуми Афғонистон аст”.
Бояд гуфт, ки Абдулалӣ Мазорӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсати Афғонистон буд, ки Ҳизби ваҳдати Афғонистонро ташкил намудаву алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангидааст. Ӯ аз қавми ҳозора буд ва ин буд, ки муносибаташ бо Аҳмадшоҳ Масъуд низ хуб буд, аммо бо Толибон тафовути назар дошт ва чандин маротиба вориди муноқишаҳо низ шуда буд.
Соли 1995, вақте аллакай Иттиҳоди Шӯравӣ тарки Афғонистон карда буд, миёни роҳбарони муқовимат барои идораи минбаъдаи давлат ихтилофҳо ба миён омад.
12-уми марти соли 1995 Толибон Абдулалӣ Мазориро бо баҳонаи ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо ба мулоқот даъват карда, бо ҳайати ҳамроҳонаш рабуданд ва пас аз шиканҷаи зиёд, тани беҷони ӯ ва ҳамроҳонашро аз чархбол ба замин афканданд.
Ҷасади ӯ аз шаҳри Ғазнӣ пайдо ва дар зодгоҳаш, шаҳри Мазори Шариф, ба хок супорида шуд.
Соли 2016 ба ӯ унвони “Шаҳиди ваҳдати миллӣ” дода шуд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста