Толибон* ба мардҳои дӯзандаи шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон дастур додаанд, ки дигар аз таҳияи либосҳои занона даст кашанд, хабар медиҳад сомонаи телевизиони Тулӯънюз.
Ба навиштаи расона, масъулони Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон ба мардҳои дӯзандаи шаҳри Чорикор ба таври шифоҳӣ дастур додаанд, ки дигар либоси занона надӯзанд ва дар сурати нодида гирифтани дастури мазкур, дӯконҳои онҳо баста мешавад.
Мухтор Сикандарӣ, як дӯзандаи либос гуфтааст, ки дар сурати риоя накардани дастури Толибон ва баста шудани дӯконашон ба мушкили молӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Масъулони Иттиҳодияи дӯзандаҳо дар Парвон зикр кардаанд, ки пас аз афзоиши маҳдудиятҳо ба кори мардҳои дӯзанда дар ин вилоят бештари онҳо корашонро аз даст дода, бархе ногузир ба тарки Афғонистон шудаанд.
“Тамоми мардҳои дӯзандае, ки либоси занона медӯхтанд бекор шуданд ва ҳатто баъзеяшон ба Эрон ҳиҷрат карданд”, - гуфтааст Имомуддин ном намояндаи умумии дӯзандагони Чорикор.
Муҳаммад Собир Қуддус, намояндаи дӯзандаҳои Парвон, низ таъкид кардааст, ки “дӯконҳо ҳамаашон рӯ ба муфлисӣ ҳастанд, зеро кор нест”.
Масъулони маҳаллии Парвон ин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ки “ин дастури тавсиявӣ аст”.
Ҳикматуллоҳ Шамим, сухангӯи волии Парвон, гуфтааст: “Иҷозаи дӯхтани либос ас. Ягон мамнуъият нест, лекин вақте инҳо андозаро мегиранд ва ё занон худашон барояшон муроҷиат мекунанд, инҳоро раёсати амр ба маъруф манъ кардааст”.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои аҳолии кишвар нест. Қаблан онҳо ба мактаб рафтани духтарони боло аз синфи шаш, ба кор рафтани занон дар ташкилотҳои хориҷӣ, ба боғҳои фарҳангиву фароғати рафтани занон, ба донишгоҳ рафтани донишҷӯдухтаронро низ манъ карда буданд.
Ин иқдомоти Толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳон вокунишҳои шадидро ба миён оварда буд, аммо намояндагони ин гуруҳ аз идомаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо даст набардоштанд.
Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон бо иҷро накардани пешартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ягон давлат то ба имрӯз ба расмият шинохта нашудааст. Баръакс, ҳамвора мавриди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳон қарор мегирад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Равоншиноси оила Марям Давлатова: “Муҳаббат ҳаргиз барзиёд намешавад”
Урсула чӣ гуна дар Вешаб “худӣ” шуд
Мулоқот дар Вена барои ояндаи демократии Афғонистон. Мухолифони Толибон овоз баланд мекунанд
Бори нахуст дар таърих нархи тилло то 2100 доллар барои 1 унсия боло рафт
Асалбек Назриев: “Театр ба истиқлол ниёз дорад!”
Нашри наворе, ки дар он марде кӯдакро бераҳмона азият медиҳад. Милитсия хомӯш аст
Криштиану Роналду ба Тоҷикистон намеояд
Омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Раштро ба хобгоҳ баргардониданд
Истифодаи роҳи “Ворух - Хоҷаи Аъло” ва истгоҳи “Головное”. Тоҷикистону Қирғизистон чӣ тавофуқ карданд?
Дар Душанбе гумонбари қаллобӣ тариқи терминали “Душанбе Сити” боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста