Толибон* мегӯянд, як узви гурӯҳи ДОИШ-ро боздошт кардаанд, ки дар чандин ҳамла, аз ҷумла куштори Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии пешини Балх ва таркиш дар масҷиди шиъаёни Мазори Шариф даст доштааст. Дар ин бора хабаргузории “Иттилооти рӯз”-и Афғонистон хабар медиҳад.
Дар навори аз ҷараёни бозпурсӣ паҳннамудаи гуруҳи Толибон боздоштшуда худро Айниддин бо номи мустаори Муҳаммад муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки аҳли вулусволии Сиғони Бомиён аст ва дар Эрон ба сафи ДОИШ пайвастааст.
Ӯ эътироф мекунад, ки “ҳамла ба Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил якҷо бо чанд нафари дигар, аз ҷумла як нафар тоҷикистонӣ созмон дода шуд”.
Ӯ меафзояд, ки шаҳрванди Тоҷикистон маводи таркандаро дар дафтари Музаммил тарконд.
“Шахси интиҳорӣ тоҷикистонӣ буд. Маводи инфиҷориро дохили пойҳои худ пинҳон карда буд ва замоне, ки волӣ вориди бино шуд, тарконд”, - шарҳ медиҳад ӯ.
Толибон зикр кардаанд, ки фарди боздоштшуда дар ҳамла ба маркази фарҳангии Табиён дар Мазори Шариф ва ба як мадрасаи динӣ дар Саманагон низ даст дорад.
Воқеияти навор ва дурустии ин гуфтаҳои боздошткардаи Толибонро тавассути манбаи дигар санҷидан ғайриимкон аст. Маълум нест, ки ин нафар дар чӣ шароит боздошт шудааст.
Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон низ ин иддаои Толибонро шарҳ надодаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии дар Балх таъиннамудаи Толибон рӯзи 9-уми март, дар пайи як ҳамлаи инфиҷорӣ дар дафтари кориаш кушта шуд.
Дар ин таркиш, ҳамчунин, 2 нафари дигар кушта ва наздики 30 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар як моҳи ахир ДОИШ масъулияти ду ҳамла дар Балх ва як ҳамла дар Кобулро ба ӯҳда гирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон иддао мекунанд, ки ДОИШ дар Афғонистон саркӯб шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.



Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста