Толибон* кори занон дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар вилояти Нангарҳорро манъ карданд. Ин монеаи нави Толибон вокуниши шадиди СММ ва коршикании намояндагони созмонро ба бор овардааст.
Хабаргузории TOLOnews менависад, ки маъмурони муваққати ҳукумати Афғонистон фаъолияти занонеро, ки дар ниҳодҳои СММ кор мекунанд, мамнӯъ кардаанд.
Стефан Дужаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ки масъулони UNAMA аз Толибон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки кори кормандони зан дар ниҳодҳои ин созмонро манъ кунад.
Ба гуфтаи Дужаррик, СММ рӯзи чаҳоршанбе паёмадҳои ин тасмимро бо вазорати умури хориҷаи Афғонистон баррасӣ хоҳад кард.
“Барои дабири кулл, чунин мамнӯъ ғайри қобили қабул ва ғайри қобили тасаввур аст. Ин тамоюли охирини нигаронкунанда аст, ки қобилияти созмонҳои имдодиро барои расидан ба онҳое, ки бештар ба кӯмак ниёз доранд, халалдор мекунад”, - гуфтааст Стефан Дужаррик.
Сухангӯи дабири кулли СММ бар ин назар аст, ки чунин фармонҳо ҳуқуқи бунёдии занонро поймол мекунанд.
Аз сӯйи дигар, сухангӯи Толибон мегӯяд, ин мавзӯъ ба далели бархе мушкилот танҳо дар вилояти Нангарҳор матраҳ шудааст ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар вилоятҳои дигар ба кори худ бо риояи меъёрҳои шариат идома медиҳанд.
СММ аз кормандони худ дар Афғонистон хостааст, ки ба далели амниятӣ 48 соат ба кор ҳозир нашаванд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи сешанбе бо такя ба манобеъи ин созмон хабар дод.
Бояд гуфт, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои занон дар Афғонистон нест. Намояндагони ин гуруҳ қаблан таҳсили духтарон дар макотиб ва донишгоҳ, кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ, ташриф ба боғу тарабхонаҳоро низ манъ карда буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста