Дар пайи эҳёи равобити дипломатӣ миёни Теҳрон ва Риёз, дирӯз, 6-уми июн, сафорати Эрон дар Арабистони Саудӣ пас аз ҳафт соли танаффус дубора боз шуд.

Сафири нави Эрон дар Арабистони Саудӣ ҳам таъин гардидааст ва он Алиризо Иноятӣ мебошад.

Алиризо Бегдалӣ, муовини консулгарии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар маросими ифтитоҳи ин сафорат гуфтааст, “имрӯз дар равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ рӯзи муҳим аст. Боз шудани сафоратхонаҳои ду кишвар ба ҳамкориҳо мусоидат мекунад”.

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, қаблан эълон карда буд, ки сафорати Эрон дар Риёз ва консулгарии генералии Эрон дар Ҷидда дар рӯзҳои 6 ва 7-уми моҳи ҷорӣ боз мешаванд.

Қаблан, дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳайати дипломатҳои Арабистони Саудӣ барои баррасии ифтитоҳи дубораи сафорат ба Теҳрон омада буданд.

Муносибатҳои дипломатии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар соли 2014 дар пайи ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон ва консулгарии Арабистони Саудӣ дар Машҳад қатъ шуда буданд.

Танишҳо миёни ду кишвар дар соли 2019 бо ҳамлаи ҳавоӣ ба иншооти нафтии Арабистони Саудӣ афзоиш ёфт. Дар ин ҳамла бахше аз зарфиятҳои тавлиди нафти Арабистони Саудӣ тахриб шуд ва Риёз Эронро ба даст доштан дар ин ҳамла муттаҳам кард. Иддаое, ки Теҳрон рад мекунад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ пас аз чанд даври музокироти мустақими Теҳрону Риёз ду кишвар барои аз сар гирифтани равобит бо миёнҷигарии Чин ба тавофуқ расиданд.

Қаблан Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфта буд, ки кишвараш қасд дорад "музокироти муфассал" бо Эронро идома диҳад, то ба созиши қаноатбахш барои ҳарду кишвар даст ёбад. Дар пайи ин, раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ҳам даъвати валиаҳди Арабистони Саудиро ҷиҳати анҷоми сафар ба ин кишвар пазируфта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.