Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузориши наве, ки имрӯз, 8-уми июн, нашр шуд, Толибонро* ба содир кардани ҷинояти ҷангӣ ва муҷозоти дастаҷамъии мардуми осоишта дар вилояти Панҷшери Афғонистон гунаҳкор кард.

Гузориши “Писарони шумо дар кӯҳҳо: Ҷазои дастаҷамъонаи ғайринизомиён дар Панҷшер аз ҷониби Толибон” аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва қонунҳои башарӣ, аз ҷумла эъдомҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа, ҳабс ва боздошти оммавии худсарона хабар медиҳад.

Агнес Калламард, дабири кулли Афви Байнулмилал дар ин гузориш гуфтааст, ки “дар Панҷшер, тактикаи бераҳмонаи Толибон барои ҳадаф қарор додани мардуми осоишта ба далели гумони мансубияти онҳо ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боиси бадбахтӣ ва тарси густурда мешавад”.

“Феҳристи ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар нақзи ҳуқуқи байнулмилалии башардӯстона аз суи Толибон дар Панҷшер васеъ аст: эъдомҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа, гаравгонгирӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва оташ задани манзилҳои ғайринизомиён. Ҳар як амали фардӣ нафратовар аст ва ин рафтор дар маҷмӯъ ба ҷазои дастаҷамъӣ табдил мешавад - худ як ҷинояти ҷангӣ мебошад”, - зикр мешавад дар гузориш.

Ин созмон ба таъкид бар зулм ва ҷиноятҳои ҷангии Толибон гуфтааст, ки ҷиноятҳои барқасдона алайҳи мардуми осоишта дар Панҷшер бояд фавран қатъ карда шавад.

Дар идомаи гузориш гуфта мешавад, ки дар ҷараёни саркӯбии идомадор, Толибон дар саросари Панҷшер ҳамаи ҷавонону мардон ва пиронсолонро бидуни иттиҳом боздошт карда, мавриди латукӯб ва таҳқир қарор медиҳанд.


Афви Байнулмилал аз Толибон даъват кардааст, ки парвандаҳои ҳуҷҷатшударо тафтиш кунанд ва дар сурати зарурат дар додгоҳҳои оддии шаҳрвандӣ мурофиаҳои одилона баргузор кунанд.

“Толибон на омодаанд ва на қодиранд, ки тафтишоти ҳақиқӣ гузаронанд ё ягон аъзои нерӯҳои худро дар додгоҳҳои одилона ба ҷавобгарӣ кашанд”, - менависад ин созмон.

Дар пайванд ба ин Авфи Байнулмилал аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид даъват кардааст, ки механизми мустақили байнулмилалии ҳисоботдиҳӣ бо тамаркуз ба ҳифзи далелҳо барои равандҳои ояндаи адолати судӣ, аз ҷумла таъқибот, инчунин гузоришдиҳии ҷамъиятӣ ва мониторинг эҷод кунад.

Дар гузориши мазкур чанд ҳодисаи эъдоми оммавии ғайриқонунии нерӯҳои Ҷабҳа аз ҷониби Толибон сабт шудааст. Дар як маврид, дар моҳи сентябри соли 2022 ҳадди аққал шаш нафар ва эҳтимолан 9 нафар дар доманаи кӯҳ, дар наздикии дараи Ҳазора, ки бахше аз деҳаи Почоваи вулусволии Дара аст, эъдом шудаанд.

Афви Байнулмилал барои таҳияи гузориш бо 29 нафар аз Панҷшер мусоҳиба кардааст, ки дар ҳама ҳолатҳо, мусоҳибон аз тарси интиқом аз сӯйи Толибон дархост кардаанд, ки номи онҳо истифода нашавад.


Созмони Авфи Байнулмилал таҳқиқи сарчашмаҳои кушодаи маводи дастраси шабакаҳои иҷтимоиро анҷом дода 61 акс ва навореро таҳлил кардааст, ки баъзеи онҳо дар интернет нашр шуда буданд ва баъзеи дигарашон аз ҷониби шоҳидон ба таври хусусӣ пешниҳод карда шудаанд. Гуфта мешавад, эҳтимол аксари ин наворҳоро аъзои Толибон сабт кардаанд.

Ба иттилои ин созмон 25-уми майи соли ҷорӣ Афви Байнулмилал аз Толибон ба парвандаҳои дар гузориш сабтшуда посухи расмӣ дархост кардааст, ки то замони нашри ин гузориш Толибон ба он вокуниш нишон надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ аз амалкарди ғайриқонунӣ ва ҷинояткоронаи Толибон нест. Қаблан низ рафтори ин гуруҳ мавриди интиқоди давлатҳои алоҳидаву созмонҳои ҷаҳонӣ гардида буд.

Толибон ҳудуди 2 сол мешаваад, ки ҳукумат дар Афғонистонро зери даст доранд, вало то ба ҳол ҳеҷ созмон ё кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст. Яке аз пешшартҳои таъомул ва шинохти Толибон аз суи ҷомеаи байнулмиллӣ эҳтиром ва риояи ҳуқуқи занон аст, ки ин гурӯҳ дар зарфи қариб ду сол пайваста онро маҳдуд ва ё ба шакли густурда нақз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.