Шоми дирӯз, 11-уми июн хонаи падарии Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон дар вилояти Панҷшер ба коми оташ рафтааст. Сафир иддао дорад, ки “ин ҳодиса кори дасти Толибон* аст”.
Зоҳири Ағбар дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, “Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро сӯзондан мумкин аст, аммо рӯҳи муқовимат бо зулм ва терроризм пойдор мемонад”.
“Рӯҳияи муқовимат алайҳи зулм ва террори Толибон тағйирнопазир аст”, - таъкид мекунад Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки “хонаи тамоми мардуми Афғонистон ҳоло дар оташи ҷаҳолат ва зулм фурӯзон аст”.
Хонаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Панҷшер шоми дирӯз оташ гирифт ва навор он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Ба иттилои рӯзномаи “8-и субҳ”, пас аз ғасби қудрат аз сӯи Толибон, дар ин манзил намояндагони онҳо зиндагӣ мекардаанд.
Ҳарчанд Толибон масъулияти сӯхтор дар манзили ин мансабдори собиқи давлатиро бар ӯҳда нагирифтаанд, аммо манобеи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки “Толибон аз ин манзил ҳамчун пойгоҳи низомӣ истифода мекарданд”.
“То ҳол ангеза ва омилони ин сӯхтор маълум нест, вале сокинони маҳаллӣ ҳам мегӯянд, ин кори дасти Толибон аст”, - менависад рӯзномаи “8-и субҳ”.
Ба гуфтаи ин манбаъ, хонаи Ағбар се ошёна буда, ду ошёнааш сӯхтааст.

Зоҳир Ағбар сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯи ҳукумати қаблӣ ба ин мақом таъйин шуда буд. Ӯ ҳамчунин, ба унвони ҷонибдори "Ҷабҳаи Муқовимати милии Афғонистон", ҷунбиши мусаллаҳона алайҳи Толибон* маъруф аст.
Бояд гуфт, ки қаблан китобхонаи шахсии Фазл Аҳмад, вазири адлияи ҳукумати пешини Афғонистон ба коми оташ рафта буд. Он вақт Толибон ҳодисаро “тасодуфӣ ва бар асари беэҳтиётӣ” унвон карда буданд.
Рӯзномаи “8-и субҳ” ёдовар мешавад, ки пештар биноҳои мактаб ва шӯъбаи маорифи Панҷшер ҳам сӯхта буданд ва омили ин оташсӯзиҳоро то ба ҳол касе ба ӯҳда нагирифтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста