Дирӯз, 31-уми октябр, дар шаҳри Кветтаи Покистон ҳазорон нафар ба кӯчаҳо баромада, бо нишони эътироз алайҳи ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ тазоҳурот карданд. Дар ин бора хабаргузории “Афғонистон Интернешнл” иттилоъ медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ин тазоҳурот дар баробари шаҳрвандон ва паноҳҷуён, инчунин намояндагони теъдоде аз ҳизбҳои сиёсӣ низ ширкат кардаанд.
Дар ин робита пулиси Покистон ба расонаҳо иҷоза надодааст, ки тазоҳуротро инъикос кунанд.
Вазорати умури дохилии Покистон ба афғонистониҳое, ки асноди иқомат надоранд, ҳушдор додааст, ки раванди ихроҷи паноҳандагон рӯзи 2-ми октябр оғоз мешавад.
Ин ниҳоди қудратӣ эълон доштааст, ки дар Покистон беш аз 4 миллион паноҳандаи афғонистонӣ умр ба сар мебаранд, ки ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазори онҳо асноди иқомат надоранд.
Пеш аз анҷом ёфтани муҳлат, теъдоди зиёди паноҳандагони афғонистонӣ бо мошину автобусҳо ба гузаргоҳҳои марзӣ равона шудаанд.
Қаблан Покистон ба паноҳандагони беш аз як миллионаи афғонистонӣ 10 рӯз фурсат дода буд, ки дар сурати надоштани асноди иқома ин кишварро тарк кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Эрон низ ихроҷ шудани паноҳандагони ғайриқонунии афғонистониро пешниҳод кардааст.
Хабаргузорӣ менависад, ба қавли мақомоти Эрон, дар пайи мушкилоте, ки гӯё гурезаҳои афғонистонӣ эҷод кардаанд, мавҷи зиддиафғонӣ оғоз гардидааст. Таъкид мегардад, ки иддае аз мардум дар вилояти Қазвин алайҳи гурезаҳои афғонистонӣ садо баланд кардаанд.
Ёдовар мешавем, тибқи омори соли 2021 баъди қудратро соҳиб шудани гурӯҳи Толибон* ба Тоҷикистон наздики 14 ҳазор паноҳанда ва гуреза омада буд, ки бештари онҳо ба кишвари сеюм, аз ҷумла ба Канада рафтаанд.
Бо вуҷуди ин, теъдоде аз гурезаҳои афғонистонӣ то ҳол дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ки баъзан аз мушкили худ шикоят мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста