Ҳузур, сукунат ва шуғли шаҳрвандони Афғонистон дар 16 вилояти Эрон комилан мамнӯъ шуд. Дар ин бора Ҳамза Сулаймонӣ, мудири кулли умури шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирати вилояти Кирмоншоҳи Эрон хабар додааст.
Дар ин бора бахши хабаргузории эронии “ISNA” иттилоъ дода, менависад, ки ҳузур, сукунат ва кори шаҳрвандони Афғонистон дар ин вилоятҳо бо фармони Шӯрои олии амнияти миллии Эрон мамнӯъ гардидааст.
Ҳамза Сулаймонӣ гуфта, ки соли равон дар 8 маврид шаҳрвандони афғонистоние, ки беиҷоза дар вилояти Кирмоншоҳ ворид шуда буданд, шиносоӣ, боздошт ва ихроҷ шудаанд.
“Бо ширкати пулис, шаҳрдорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута, теъдоди қобили мулоҳизае аз коргарони афғонистонӣ ва ҳамчунин, теъдоде аз корфармоёни ғайриқонунӣ, ки онҳоро бо кор таъмин мекарданд, боздошт шудаанд”, - афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи Сулаймонӣ, бо оғози марҳилаи нӯҳуми иҷрои тарҳи шиносоӣ, боздошт ва радди шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ будубош доранд, тарҳҳои зиёди сохтмони манзил дар шаҳракҳои атрофи шаҳр, гармхонаҳо, аспхонаҳо ва фермаҳои чорводории вилояти Кирмоншоҳ тафтиш карда шуданд.
Номбурда илова кардааст, ки дар ҷараёни иҷрои тарҳи шиносоӣ теъдоде аз коргарони афғонистонӣ ҳам боздошт ва аз ин вилоят ихроҷ шудаанд.
Ин мақомдори эронӣ аз шаҳрвандони кишвараш ҳамчунин тақозо кардааст, ки дар сурати дидани шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти марбута хабар диҳанд.
Ахиран вазири умури дохилии Эрон гуфт, аз ҳукумати Толибон* хостааст, шароити бозгашти паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварашонро фароҳам кунад.
Ҳоло теъдоди афғонистониҳо дар Эрон ҳудуди 5 миллион нафар зикр мешавад. Мақомоти Эрон то ҳол беш аз 16 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Эрон ягона кишваре нест, ки шаҳрвандони фирории Афғонистонро аз қаламравӣ худ ихроҷ мекунад. Чанде пеш, Покистон низ ҳазорон шаҳрвандони Афғонистони фирориро аз қаламрави худ иҷборан ихроҷ карда буд, ки боиси эътирози ҷомеаи ин кишвар шуд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста