Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон гуфтааст, дар ҳамлаҳое, ки ба “масҷидҳо, хонақоҳо, мактабҳои динӣ ва уламои динӣ” дар Афғонистон сурат гирифтааст, шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд.
Муҷоҳид ин изҳоротро рӯзи якшанбе, 31-уми декабр, дар як нишаст дар Кобул баён доштааст.
Рӯзномаи “8 субҳ” аз қавли Муҳаммад Яқуб Муҷоҳид менависад, ки дар 12 моҳи гузашта даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон* бо иттиҳомоти мухталиф кушта ва садҳо тани дигар боздошт шудаанд.
Аммо ӯ арқоми дақиқи кушташудаву боздоштгардидагон ва ҳам ҳуввияти онҳоро ошкор накардааст.
Ҳамчунин Муҳаммад Яъқуби Муҷоҳид гуфтааст, шаҳрвандони Покистон низ дар ташкили ҳамлаҳои зиёде дар Афғонистон ширкат доштаанд.
“Бештар аз 20 покистонӣ дар амалиёти нерӯҳои мо кушта шуданд ва садҳо тани дигар боздошт гардиданд”, - гуфтааст ӯ.
Дар робита ба ин Муҷоҳид аз кишварҳои минтақа хостааст, ки “марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро ба таври ҷиддӣ назорат кунанд”.
То кунун мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта ҳамеша аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ва кӯшиши убури марз аз ҷониби ҷангҷӯёни ин гуруҳҳо нигаронӣ карда буданд.
Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2023 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз кӯшиши рахна кардани марз аз тарафи гуруҳҳои ҷангҷӯ аз ҷониби Афғонистон хабар дода буд.
Моҳи сентябри соли 2023 бошад боз ҳам КДАМ хабар дод, ки се нафар аъзои гурӯҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки мехостанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд безарар гардонида шуданд.
Гуруҳи “Ансоруллоҳ” дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, дар Афғонистон амал мекунад ва асосан аз зодагони Тоҷикистон таркиб ёфтааст.
Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки баъзе аз қитъаҳои марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ин гурӯҳ назорат мекунад. Вале Толибон ин хабарҳоро шарҳ надодаанд.
Рӯзномаи “8 субҳ” менависад, ки теъдоди зиёди ҷиҳодгароёни минтақа бо хонаводаҳои худ дар Афғонистон зери чатри Толибон ҳузури фаъол доранд ва ҳудуди 300 хонаводаи аъзои гурӯҳҳои терористии “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ансоруллоҳ” дар шимолу шарқ, бахусус дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд.
Ба иттилои ин рӯзнома манобеъи огоҳ дар шарқи Афғонистон низ таъйид мекунанд, ки ҳазорон хонаводаи ҷангҷӯёни “Таҳрики Толибони Покистон” зери ҳукмронии Толибон ба сар мебаранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста