Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар гузориши дуввуми худ дар мавриди таҳқиқи садамаи чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон вуқуъи таркиш дар пайи харобкорӣ дар ин ҳодисаро рад кард. Дар ин бора хабаргузории “Ирна” гузориш дод.
Дар дуввумин гузорише, ки Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон нашр кардааст, гуфта шудааст, ки “бо таваҷҷӯҳ ба намунабардорӣ ва озмоишоти суратгирифта аз қисмҳои чархбол ва масофаи ҷойгиршавии онҳо дар натиҷаи пошхӯрӣ аз таркиш, вуҷуъди инфиҷор дар пайи харобкорӣ дар ҷараёни парвоз ва лаҳзаҳои қабл аз бархӯрд ба нишебӣ истисно карда мешавад”.
Дуввумин гузориши Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар мавриди суқути чархболи Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ дар ҳафт банд баррасӣ шуда, расонаӣ гардидааст. Ин ниҳод дар гузориши худ мегӯяд, субҳи рӯзи вуқъи ҳодиса дар ҷараёни парвози рафти се болгард вазъи ҳаво мусоид буда, мушкиле дар дид ва парвоз вуҷуд надоштааст. Лекин ҳавои масири баргашт бо дарёфти охирин асноди дарёфтӣ ва изҳороти халабонону сарнишинони ду болгарди дигар ниёз ба баррасии бештар дорад.
Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки “бахши зиёде аз санадҳои ҳолати қабл аз садамаи чархбол, мадорики марбут ба таъмир ва нигоҳдории он мавриди баррасии дақиқ қарор гирифт ва мушкиле, ки аз лиҳози таъмир ва нигоҳдорӣ, ки битавонад дар сар задани садама таъсиргузор бошад, мушоҳида нашуд”.
Гузориши дуввуми ниҳоди баррасикунандаи ҳодисаи мазкур тақрибан нуктаи наве нисбат ба гузориши аввали онҳо, ки чанд рӯз қабл интишор карда буд, надорад.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки то замони кашфи иллати аслии сонеҳа таҳқиқ идома меёбад ва аз натиҷаи он расонаҳоро огоҳ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса маҷмаан 8 нафар бо шумули Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар ҷон бохтанд. Пас аз ин дар Эрон 5 рӯз мотами миллӣ эълон шуд.
23-юми май Абдуллоҳиён дар Теҳрон ва Иброҳим Саидӣ дар Машҳад ба хок супорида шуданд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста