Аз миёни 80 довталаб барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон Шӯрои нигаҳбони ин кишвар танҳо салоҳияти номзадии шаш нафарро таъйид кард.
Муҳсин Исломӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон рӯзи 9-уми июн гуфт, салоҳияти номзадии Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саид Ҷалилӣ, Алиризо Зоконӣ, Масъуд Пизишкиён ва Амирҳусейн Қозизода пазируфта шудааст. Ҳамакнун ин шаш кандидат барои соҳиб шудани курсии раисиҷумҳурӣ мубориза мебаранд.
Аз миёни шаш нафар кандидат ба ҷуз Мустафо Пурмуҳаммадӣ ва Масъуд Пизишкиён чор нафари дигар собиқаи иштирок дар интихоботи раёсатҷумҳуриро доранд.
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқи Эрон, Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ислоҳталаб ва муовини собиқи раисиҷумҳури Эрон ва Меҳрдод Базрпаш, вазири роҳ ва шаҳрсозӣ аз матраҳтариг номзадҳое буданд, ки аз ҷониби Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии Исломӣ ради салоҳият шуданд.
Пас аз эълон шудани номзадҳо аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон таблиғоти интихоботӣ низ оғоз гардидааст. Интихоботи раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июн доир мегардад. Агар зарурат ба миён ояд, даври дуввуми интихобот 5-уми июл барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки сабтиноми номзадҳо барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон рӯзи 30-юми май оғоз гардида, то рӯзи 3-юми июн давом карда буд. Дар маҷмуъ, 80 нафар довталаб барои соҳиб шудани курсии раисҷумҳури ин кишвар сабтином шуда буданд, ки дар миёни онҳо 4 зан низ дида мешуд.
Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.