Шаби гузашта дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо интихоботи парлумонӣ поён ёфт ва натиҷаҳои аввали он эълон гардид. Тибқи иттилои то ҳол ироагардида, дар аксари кишварҳои ин иттиҳод аҳзоби ростгаро пирӯз шуданд. Аз ҷумла, баъди шумориши орои шаҳрвандон дар Фаронса ва Олмон ҳизбҳои ростгаро муваффақият ба даст оварданд.
Ба иттилои расонаҳои фаронсавӣ, дар ин кишвар ҳизби “Иттиҳоди миллӣ” таҳти роҳбарии Марин Ле Пен нисбат ба ҳизби рости марказгарои “Эҳё”-и раиси ҷумҳури кунунӣ Эммануэл Макрон орои бештарро соҳиб шудааст.
Дар пайи ин, Эммануэл Макрон дар бораи пароканда кардани маҷлиси миллӣ ва таъини интихоботи нав дар санаи 30-уми июн ва 7-уми июл қарори худро эълон кард.
Дар Олмон, се ҳизби эътилофи ҳоким аз рости марказгаро Иттиҳоди насронӣ-демократии Олмон, Иттиҳоди насронӣ-сотсиалистии Олмон бо 30 дарсад ва “Алтернатива барои Олмон” бо 16 дарсад муваффақият бадаст оварданд, ки нисбат ба натоиҷи соли 2019 бештар аст.
Ҳизби ҳокими сотсиал-демократи Олаф Шолтс ҳамагӣ 14 дарсад, “Сабзҳо” 12 дарсад ва демократҳои озод ҳамагӣ 5 дарсад овоз гирифтанд. Ҳамаи онҳо дар муқоиса бо интихоботи гузаштаи парлумони Аврупо раъйи камтар ба даст оварданд.
Дар Австрия Ҳизби озоди ростгаҳо пешсаф аст. Тибқи маълумоти то ҳол дастрасгардида, онҳо 27 дарсади ороро ба даст овардаанд.
Дар Ҳолланд, бар асоси натоиҷи назарсанҷӣ, Ҳизби озодӣ, ки тирамоҳи соли гузашта дар интихоботи парлумонӣ бо боварӣ пирӯз шуда буд, ин дафъа дар ҷои дуввум аст.
Вай аз иттиҳоди сотсиалистҳо ва сабзҳо, ки ба он собик ноиби президенти Комиссияи Аврупо Франс Тиммерманс сарварӣ мекунад, ба таври назаррас пеш аст.
Зикр бояд кард, ки дар пайи натоиҷи интихобот Ҳизби мардумии Аврупо (ҲЭП) дар порлумони Аврупо беш аз 190 курсиро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Иттиҳоди Аврупо 6-уми июн оғоз гардид ва давоми чор рӯз 370 миллион нафар дар 27 кишвари ин қора вакилони худро барои ин ниҳоди қонунгузор интихоб карданд. Дар умум ба парлумони Иттиҳоди Аврупо 720 вакил интихоб мешаванд.
Дар ин интихоботи парлумонӣ беш аз 200 ҳизбу ҳаракат барои ворид кардани вакилони худ ба Парлумони Иттиҳоди Аврупо рақобат доранд.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста