Дар интихоботи президентии Эрон, ки 28-уми июн баргузор гардид, аз чаҳор даъвогари курсии раиси ҷумҳур касе натавонист раъйи заруриро ба даст орад. Интихобот ба даври дуюм гузашт ва дар он ду номзад - Масъуди Пизишкиёни ислоҳталаб ва Саид Ҷалилии усулгаро вориди рақобат хоҳанд шуд.
29-уми июн Ситоди интихоботи Эрон натоиҷи овоздиҳӣ дар интихоботи президентиро, ки 28-уми июн доир гашт, эълон кард. Бар асоси он Масъуди Пизишкиён 10 миллиону 415 ҳазору 991 раъй (42,4 дарсад), Саид Ҷалилӣ 9 миллиону 473 ҳазору 298 раъй (38,6 дарсад), Муҳаммадбоқир Қолибоф 3 миллиону 383 ҳазору 340 раъй (13,8 дарсад) ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ 206 ҳазору 397 раъй (0,8 дарсад) ба даст оварданд.
Дар интихоботи зудҳангом аз миёни беш аз 61 миллион шаҳрванди Эрон, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доштанд, 24 миллиону 535 ҳазору 185 нафар ё каме бештар аз 40 дарсад барои раъй додан ба ҳавзаҳои интихоботӣ омадаанд.
Шумори онҳое, ки касеро интихоб накардаанд, каме бештар аз 1 миллион нафар ё 4,3 дарсади раъйдиҳандагон будаанд.
Ҳамакнун, дар даври дуюм, ки 5-уми июл баргузор мешавад, Масъуди Пизишкиён ва Саид Ҷалилӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Ҳарду довталабони курсии раиси ҷумҳурии Эрон имкон доранд, ки то 3 июл фаъолияти интихоботӣ баранд.
Бояд гуфт, ки дар интихоботи зудҳангоми Эрон 278 нафар сабти ном карда буданд, ки танҳо салоҳияти 6 нафари онҳо пазируфта шуд. Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон ва Амирҳусейн Қозизода, муовини Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эрон як рӯз пеш аз баргузории даври асосии интихобот аз ҳузур дар он канор рафтанд. Аз миёни ин ду усулгаро ҳеҷ яке равшан нагуфт, ки ба нафъи чӣ касе аз интихобот канорагирӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор гардид.
Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста