Думаи давлатии Русия дар қироати аввал қонуни навро қабул кард, ки мувофиқи он, ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил карда мешавад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Қонун ба ҳолатҳое дахл дорад, ки ин амал аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шудааст ё ҳадафи он содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин мебошад. Барои ин ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 15 сол пешбинӣ шудааст. Инчунин маҳкумшуда метавонад бо ҷарима аз 3 то 5 млн рубл ё ба андозаи маош ё даромади дигар барои давраи аз 3 то 5 сол ҷазо дода шавад ва ҳуқуқи ишғоли баъзе вазифаҳоро то 10 сол аз даст диҳад.
Дар лоиҳаи қонун инчунин ҷорӣ кардани аломатҳои муайянкунанда дар самти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст:
- содир кардани ҷиноят бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти дигар ё осон намудани ҳолати содир шудани он;
- бо истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, инчунин гирифтан, пинҳон ё нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
- бо истифода аз интернет.
Илова бар ин, барои ҷиноятҳои марбут ба сабти қалбакӣ ва ба қайд гирифтани хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд, ҷавобгарии ҷиноятӣ шадидтар мешавад. Масалан, сохтакории ҳуҷҷатҳо, тайёр кардан ё гардиши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ё бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти дигар ё осон кардани содиршавии он анҷом дода мешавад, бо маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 6 сол ҷазо дода мешавад.
Муаллифони лоиҳаи қонун раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, муовини раиси Дума ва роҳбари комиссияи сиёсати муҳоҷират Ирина Яровая, инчунин роҳбарони ҳамаи фраксияҳо ва вакилон мебошанд. Лоиҳа аз ҷониби ҳукумат, Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Кумитаи тафтишот дастгирӣ ёфтааст.
Дар қироати аввал ҳамчунин қонуне қабул шуд, ки ҷинояти содиркардаи муҳоҷири ғайриқонуниро ҳамчун ҳолати вазнинкунанда мешуморад. Ин тағйирот ба қисми 1-и моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Русия ворид карда мешавад.
Вячеслав Володин дар ҷаласаи пленарӣ изҳор доштааст, ки Думаи давлатӣ дар дохили Русия муҳити ҳуқуқиеро ташаккул медиҳад, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро пешгирӣ ва рад мекунад.
«Агар муҳоҷири ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шуда, ҷиноят содир кунад, ба ӯ дар ҳадди ниҳоӣ ҷазо сахт дода мешавад. Ин ҳама ҳамроҳ бо тасмими қаблан қабулшуда, ки барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷазои ҷиддӣ пешбинӣ шудааст, бояд ба коҳиши он оварда расонад», — гуфтааст раиси Дума.
Қаблан ӯ хабар дода буд, ки дар соли 2023 аз 879 нафаре, ки барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ маҳкум шудаанд, танҳо 166 нафар ҷазои воқеӣ гирифтаанд. Дар соли 2023 барои сабти қалбакӣ ва ба қайд гирифтани хориҷиён 8307 нафар маҳкум шудаанд, ки аз онҳо 8224 нафар шаҳрвандони Русия буда, ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ кумак мекарданд.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста