Расонаҳои амрикоӣ ному насаби нафареро, ки дирӯз, 1-уми январ, дар шаҳри Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш карда, боиси марги 10 нафар ва захмӣ шудани 30 нафар шуд, эълон карданд. CBS News бо такя ба ду манбаъ дар мақомоти федеролии Амрико навишт, ҳамлавар Шамсуддин Ҷаббор ном дорад. Ин мард бо оташи ҷавобии пулис кушта шудааст.
Шамсуддин Ҷаббор шаҳрвандии ИМА-ро доштааст ва қаблан дар артиши ин кишвар хидмат намудааст. Аммо асли табори ӯ аз кадом давлат аст номаълум боқӣ мемонад.
Субҳи 1-уми январ дар пайи бархӯрдани як мошини борбар ба издиҳоми одамон ба иттилои расонаҳои гуногуни амрикоӣ, аз 10 то 15 кас кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд. Сабабу ангезаи ҷиноят маълум нест. Ҳодиса дар ҷануби аёлати Луизиана иттифоқ уфтод. Замоне ки мардум фаро расидани соли нави 2025-ро таҷлил мекарданд.
Баъзе аз шоҳидон гуфтаанд, ронанда ҳамчунин ба сӯйи одамон тир холӣ кард. Нерӯҳои пулис оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Ҳокими Луизиана ҳодисаро “амали даҳшатбор” ва шаҳрдори Ню - Орлеан “амали террористӣ” номиданд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста