Расонаҳо навиштаанд, ки ҲАМОС ва Исроил пас аз 15 моҳи ҷанг дар Ғазза барои поён додани он ва озодии гаравгонҳо ба мувофиқа расидаанд.
Ба гуфтаи расонаҳо, Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, нахуствазири Қатар гуфтааст, ки ба шарте, ки ҳукумати Исроил ба оташбас розӣ шавад, он аз рӯзи якшанбе, 19-уми январ ба иҷро медарояд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ бо эъломи хабари мувофиқа барои оташбас изҳор доштааст, ки ин тавофуқ ҷанг дар Ғаззаро қатъ карда, гаравгонҳо озод мешаванд.
Ҳанӯз тафсилоти ин тавофуқ эълон нашудааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки дар сурати ниҳоӣ шудан, он се марҳиларо дар бар хоҳад гирифт.
Марҳилаи якуми оташбас қарор аст 42 рӯз (6 ҳафта) давом кунад. Дар ин муддат бояд ивази гаравгонҳо сурат гирифта, сарбозони исроилӣ тадриҷан аз Навори Ғазза хориҷ шаванд ва ворид шудани ҳаҷми бештари кумакҳои башардӯстона ба ин қаламрав иҷоза дода шавад.
Ёдрас мешавем, ки ҷанг дар Ғазза беш аз як сол аст, ки ҷараён дорад. Ин ҷанг нимаи моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, ки ба кушта шудани наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани 250 каси дигар боис шуд, оғоз гардид.
Баъди он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 47 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта ва наздики 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста