Филми “Анора”, ки аз ҷониби Шон Бейкер, коргардони амрикоӣ таҳия шуда, ахиран ҳамчун беҳтарин филм ҷоизаи “Оскар – 2025”-ро ба даст овард, баъди ба экранҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтан ва соҳиби чанд ҷоиза гардидан, намоишаш дар Ӯзбекистон мамнӯъ гардид.
Далели баҳсбарангез шудани филм ӯзбектабор муаррифии гардидани қаҳрамони асосии он - Анора (Майки Мэдисон) аст. Анора духтарест, ки дар марказҳои дилхушии шабона рақс мекард ва бар ивази пул хадамоти шаҳвонӣ пешниҳод менамуд.
Ӯзбектабор муаррифӣ шудани Анора дар Ӯзбекистон эътирозбарангез шуд. Оҷонсии синамогарони Ӯзбекистон дар як вокуниши расмӣ норозигии худро баён ва намоиши ин филмро дар толорҳои синамо ва фазои маҷозӣ дар Ӯзбекистон манъ кард. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон иттилоъ додаанд.
FERGANA.MEDIA менависад, намояндагони Оҷонсии синамогарони Ӯзбекистон гуфтаанд, ӯзбектабор муаррифӣ шудани қаҳрамони филм, ки нақши танфурӯшро мебозад, “ангезаи ҳасад ба ислоҳоти ҷорӣ дар Ӯзбекистон аст”.
“Ҳатто метавон тахмин кард, ки пушти чунин муносибат созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони бонуфузе истодаанд, ки нисбат ба Ӯзбекистон муносибати дӯстона надоранд. Дар асл, номи “Анора” ҳам дар байни ӯзбекҳо, ҳам тоҷикон, қирғизҳо ва озарбойҷониҳо маъмул аст”, – навиштааст Оҷонсӣ дар изҳороти худ.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар филм, ғайр аз калимаи “духтари ӯзбектабор”, ягон воқеа ё ҷузъиёти дигаре, ки ба ӯзбекҳо рабт дошта бошад, вуҷуд надорад.

“Бо вуҷуди ин, мо иҷозат намедиҳем, ки шарафи миллати моро доғдор кунанд”, – таъкид кардаанд намояндагони Оҷонсӣ.
Тасвири қаҳрамони асосии филм ҳамчун ӯзбектабор ва муносибати ошиқонаи ӯ бо писари олигархи русро синамогарони Ӯзбекистон аз воқеият дур хондаанд.
“Ҳеҷ шакке нест, ки дар паси ин ҳодисаҳои ноодилона ва ғаразнок ангезаҳои махфӣ вуҷуд доранд. Ба чунин амалҳо мо танҳо бо табассуми тамасхуромез посух дода метавонем”, - изҳор намудаанд онҳо.
Тоҷикистон: “Намоиш надодем ва ба эҳтимол, мамнӯъ мешавад”
Аз бархе кинотеатрҳои шаҳри Душанбе дар бораи намоиши ин филм пурсидем. Онҳо гуфтанд, ин филм то ҳол ба намоиш гузошта нашудааст, аммо дар мавриди иҷоза будан ё набуданаш ҳарф назаданд.
Толиб Раҳматуллоев, муовини директори муассисаи “Тоҷикфилм” ба суоли “Азия-Плюс” дар ин хусус гуфт, дар ин ниҳод феҳристи филмҳои мамнуъ вуҷуд надорад, аммо мувофиқи оиннома филмҳое, ки ба сиёсати давлат мувофиқат намекунанд, саҳнаҳои зӯроварӣ ва фаҳш доранд ва ба мафкураи мардуми тоҷик созгор нестанд, намоиш дода намешаванд ва кинотеатрҳо низ бе иҷозаи ин ниҳод ҳуқуқи намоиши онҳоро надоранд.
Ӯ таъкид кард, ки намоиши филми “Анора” низ бо далели доштани саҳнаҳои фаҳш ба эҳтимоли зиёд иҷоза дода намешавад.
Филми “Анора” аз чӣ қисса мекунад?
Анора Михеева, ки дӯст медошт ӯро Эни ном баранд, дар Ню-Йорк бо танфурӯшӣ машғул буда, забони русиро низ медонад. Ин имкон медиҳад, ки ӯ бо Ваня Захаров – писари олигархи маъруфи рус Николай ошно гардад.
Ваняи сархуш зуд мафтуни Эни мешавад ва ӯро аввал ба хидмати шахсӣ ва сипас ба зиёфати Соли Нав дар хонаи боҳашамати худ даъват мекунад. Субҳи 1-уми январ Ваня ба Эни пешниҳод мекунад, ки бо ӯ ба шаҳри Лас - Вегас сафар кунад ва барои ин маблағи иловагӣ хоҳад гирифт. Дар он ҷо ба ӯ ангуштарии алмосӣ тақдим карда, пешниҳод мекунад, ки бо ҳам издивоҷ кунанд.
Онҳо дар яке аз ибодатгоҳҳои ин шаҳр издивоҷ мекунанд ва ба шаҳри Ню-Йорк бармегарданд, вале зери фишори ёварони падари Ваня қарор мегиранд. Николай, падари Ваня, ки ин издивоҷро қабул карда наметавонад, талаб мекунад, ки онро бекор кунанд.
Коргардони филм Шон Бейкер гуфтааст, филми “Анора” аз як ҳодисаи воқеӣ маншаъ гирифтааст, ки яке аз дӯстонаш нақл карда буд. Ӯ гуфтааст, мехост “тавассути чунин достонҳо доғеро, ки ҳамеша ба обрӯи шахсони бо ин навъи кор машғулбуда часпидааст, тоза кунад.”
Гарчанде ки дар баъзе сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки Анора Михеева, қаҳрамони асосии филм амрикоии ӯзбектабор аст, Бейкер танҳо гуфтааст, ки ӯ рус ва зодаи яке аз кишварҳои пасошӯравӣ мебошад.
Филмбардории “Анора” аввали соли 2023 дар Бруклини Ню-Йорк оғоз шуд ва ҳамагӣ 37 рӯз идома ёфт. Буҷети ин филм 6 млн доллар гуфта мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ дар Ҷашнвораи Канн Мэдисон ошкор кардааст, ки Бейкер ва ҳамсараш Саманта Квон ба ҳунармандон тарзи иҷрои саҳнаҳои маҳрамонаро нишон додаанд.
Ҳамчун саундтреки филм сурудҳои маъруфе чун “Dreaming” (Blondie), “All the Things She Said” (t.A.T.u.), “Greatest Day” (Take That) интихоб шудаанд.
Нахустнамоиши ҷаҳонии филми “Анора” 21 майи соли 2024 дар Фестивали Канн дар доираи барномаи асосӣ баргузор шуд ва рӯзи 25 май филм соҳиби ҷоиза дар ин фестивал шуд.
Ахиран 3-юми марти соли ҷорӣ филми “Анора” дар 97-умин маросими ҷоизасупории Академияи синамогарони Амрико –“Оскар”, ки дар шаҳри Лос-Анҷелеси Калифорния баргузор шуд, 5 ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст оварда, беҳтарин филм эътироф гардид.
Аз ҷумла, Майки Мэдисон, қаҳрамони асосии филм ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро ба даст овард. Шон Бейкер, коргардони филм бошад, дар номинаи “Беҳтарин коргардон” соҳибҷоиза гардид. Ҳамчунин ин филм дар бахшҳои “Беҳтарин танзим” ва “Беҳтарин филмномаи бунёдӣ” ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард.