Дар пайи таркиш дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари “Шаҳид Раҷоӣ” дар Бандар Аббоси Эрон дастикам 4 кас кушта ва беш аз 500 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Расонаҳои Эрон менависанд, ки таркиш имрӯз, 26-уми апрел, соати 12:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст.
Дар макони таркиш мақомоти изтирорӣ ва имдодрасони Эрон ҳузур доранд ва ба осебдидагон кӯмак мерасонанд. Мақомоти ин кишвар аз сокинон хостанд, барои осебдидагон хун биспоранд.
Ҳамчунин, оташнишонҳо бо истифода аз чархболҳо дар ҳоли хомӯш кардани оташ ҳастанд ва дуди ғализ осмони бахши ғарби шаҳри Бандар Аббосро пӯшонидааст.
Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, шиддати таркиш ба ҳадде буд, ки шишаҳои биноҳо дар чандкилометрии маҳали ҳодиса фурӯ рехтанд ва замин ба ларза даромад.

Сабабҳои таркиш ҳоло таҳқиқ мешавад ва мақомоти Эрон дар ин бора мушаххасан иттилое ироа накардаанд.
Расонаиҳои эронӣ менависанд, сарчашмаи эҳтимолии таркиш, анбори колоҳои хатарнок ва маводи химиявӣ дар ин бандар метавонад бошад.
Бандари Раҷоӣ дар наздикии Бандар Аббос, яке аз марказҳои аслии боркашонии контейнерии Эрон ва ҳамчунин дорои анборҳои нафт ва таъсисоти петрохимиявӣ аст.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста