Ҳукумати муваққатии Толибон* дар Афғонистон бозии шатранҷро “ҳаром” эълон карда, фаъолияти федератсияи ин бозиро ба муҳлати номуайян манъ кард, хабар медиҳад хабаргузории “Хомаи форсӣ” бо истинод ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон.
Тибқи гузоришҳо, ин тасмим ба далели “мулоҳизаҳои мазҳабӣ” гирифта шуда, дар ин робита қарори Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар содир гардидааст.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бозии шатранҷро “ҳаром” номида, фармудааст, ки Федератсияи шатранҷи Афғонистон барҳам дода шавад. Ин қарор фаъолияти федератсияро дар Афғонистон ба муҳлати номуайян боз медорад.
Мансабдорони Вазорати варзиш боздошти фаъолияти шоҳмотро рӯзи 11 май тасдиқ карда, шарҳ додаанд, ки “то замоне ҷавобҳои мувофиқ ба масъалаҳои динӣ ёфта нашаванд, ин намуди варзиш манъ хоҳад монд ва ҳеҷ гуна чорабиниҳои марбут ба шатранҷ баргузор нахоҳанд шуд”.
Толибон боз чиҳоро манъ кардаанд?
Манъи шатранҷ боз як далели афзоиши маҳдудиятҳо аз ҷониби Толибон дар Афғонистон унвон мешавад. Ин маҳдудиятҳо варзиш, фарҳанг, таълим ва дигар соҳаҳои фаъолиятро дар бар мегиранд.
Пештар Толибон мусобиқаҳои омехтаи муҳорибавӣ (ММА)-ро дар Афғонистон “бо сабаби мувофиқат накардани ин намуди варзиш ба таълимоти ислом” манъ карда буд.
Ғайр аз ин, Толибон нишон додани одамонро дар ВАО, аксбардорӣ ва наворбардорӣ кардани чорабиниҳоро манъ кардаанд. Кинотеатрҳо, навохтани асбобҳои мусиқӣ, истифодаи телефон ба кормандони ниҳодҳояшон ва истифодаи як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, либосдӯзии мардон, тарошидани риши мардон манъ карда шуданд.
Бахши калони мамнӯиятҳо ба ҳуқуқи занон дахл дорад. Толибон ҳуқуқи занони афғонистониро барои таҳсил ва кор маҳдуд кардааст. Ба занону духтарон гирифтани таҳсилоти миёна ва олӣ, инчунин кор ба ҳайси баранда дар телевизион манъ карда шудааст.
Ба занон инчунин машғул шудан ба варзиш, гаштугузор дар боғҳо, пайдо шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо рӯйи кушода ва дигар қисмҳои бадан (бе бурқа), суруд хондан, баромад кардан ва ҳатто баланд гап задан дар пеши мардум, ба кӯча баромадан ва бе ҳамроҳии мардон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат кардан манъ аст. Занон ҳақ надоранд, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кунанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин шеваи давлатдории Толибон пайваста ва дар сатҳҳои гуногун интиқод мекунанд ва онҳоро барои риояи ҳуқуқи инсон даъват менамоянд, аммо Толибон ҳамеша ин даъватҳоро нодида гирифтааст.





Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста