Донишгоҳи Ҳарварди Амрико алайҳи маъмурияти Доналд Трамп ба додгоҳ шикоят бурда, аз манъи қабули донишҷӯёни хориҷӣ дар ин донишгоҳ эътироз кардааст. Алан Гарбер, раиси донишгоҳ гуфтааст, ки тасмими вазорати амнияти дохилии Амрико ғайриқонунӣ аст ва ба ояндаи ҳазорон донишҷӯй ва омӯзгор таҳдид мекунад.

Дар ин бора “The New York Times” гузориш дода, навиштааст, ки ин даъвои дуввуми Ҳарвард алайҳи Кохи сафед аст. Қаблан ин муассиса, маъмурияти Доналд Трампро барои қатъи маблағгузории донишгоҳ дар ҳаҷми 2,2 миллиард доллар ба додгоҳ кашида буд.

Дирӯз, 23-юми май ин расона навишт, ки ҳукумати Амрико гувоҳномаи қабули донишҷӯёни хориҷиро аз ин донишгоҳ бозпас гирифт ва ҳамин тариқ, ин муассисаи олиро аз қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил маҳрум кард.

Ҳамчунин, қабули довталабон баро соли таҳсили 2025-2026 дар ин донишгоҳ манъ гардида, маъмурияти Доналд Трамп аз донишҷӯёни феълӣ хостааст, ки ба донишгоҳҳои дигар гузаранд, вагарна ҳуқуқи будубоши онҳо дар Амрико бекор хоҳад шуд.

Манбаъ навиштааст, ки мақомоти Амрико Ҳарвардро ба “таҳрики хушунат, яҳудиситезӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кориаш бо ҳизби коммунистии Чин” муттаҳам кардаанд.

Дар донишгоҳи Ҳарвард ин маҳдудиятро ғайриқонунӣ ва интиқомҷӯӣ хонда, изҳор доштаанд, ки аз ҳуқуқи донишҷӯён ва озодии илмӣ ҳимоят хоҳанд кард.

Хабаргузории “Ройтерз” навиштааст, ки дар соли хониши 2024-2025 дар Ҳарвард тақрибан 6 ҳазору 800 донишҷӯи хориҷӣ қабул шуд, ки тақрибан 27% аз теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд. Ин донишҷӯён аз 140 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд.

 

Тоҷикон дар Ҳарвард

Ҳоло аз Тоҷикистон касе дар Ҳарвард таҳсил намекунад. Аз Вазорати мориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, тибқи барномаи “Дурахшандагон“, ки таҳсили ҷавонони тоҷикро дар хориҷи кишвар таъмин меканад, касе дар Ҳарвард таҳсил намекунад.

Дар сомонаи худи донишгоҳ, ки рӯйхати донишҷӯёнр аз рӯи кишварҳо нашр кардааст, исми Тоҷикистон нест.

Вале дар солҳои гузашта чанд нафар аз Тоҷикистон ин донишгоҳро хатм кардаанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо, Азизҷон Азимӣ, яке аз пешоҳангҳои рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, муассиси созмони “TajRupt” ва Академияи зеҳни сунъӣ ва мудири ширкати стартапи “Zypl.ai”, ки зеҳни сунъиро дар соҳаи молия ҷорӣ мекунад.

 

Яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон

Донишгоҳи Ҳарвард яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳон аст.

Ҳарвард узви як гурӯҳи ҳашт донишгоҳи пешрафтаи ИМА мебошад ва пайваста дар рейтингҳои ҷаҳонии таҳсилот мақоми баландро ишғол мекунад.

Донишгоҳ аз 13 мактаб иборат аст, аз ҷумла Коллеҷи Ҳарвард (бакалавр), факултети ҳуқуқшиносӣ, мактаби тиббӣ ва мактаби тиҷорат.

Дар байни хатмкардагони донишгоҳ беш аз 150 барандагони Ҷоизаи Нобел, 8 президенти ИМА ва ҳамчунин бисёре аз олимон, соҳибкорон ва сиёсатмадорони машҳур ҳастанд.

Қарори маъмурияти Трамп ҳам дар Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дар хориҷи кишвар интиқодҳои шадидеро ба бор овард ва ба эътибори Ҳарвард ҳамчун яке аз марказҳои таълимии пешрафтаи ҷаҳон таҳдид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.