Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина пас аз мулоқот бо Донад Трамп, президенти Амрико гуфтааст, дар мавриди дархости ӯ барои додани мушакҳои дурпарвози "Томаҳавк" ба Украина ҳеҷ пешрафте ба даст наомадааст.

Бо ин вуҷуд, ба таъкиди ӯ, ҷонибҳо дар ин масъала суҳбат кардаанд, вале тасмим гирифтанд, ҷузъиёти ин сӯҳбатро ифшо накунанд, "зеро ИМА намехоҳад шиддатёбии вазъро ба миён оварад".

Ин навъи мушакҳои болдор имкони парвоз ба 2500 километрро дошта, Украина бо онҳо метавонад Маскавро ҳам ҳадаф қарор диҳад.

Мулоқоти сеюми Владимир Зеленский бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед дирӯз, 17-уми октябр баргузор шуд. Ба навиштаи расонаҳо, он бидуни пешрафти дипломатӣ, кафолатҳои амниятӣ ва “инқилоб”-е дар масъалаи дастгирии Амрико аз Украина ба поён расид. Гуфта мешавад, ки мулоқоти як ба яки ҷонибҳо чанд саот давом кард.

Хабаргузории BBC менависад, ки ҷониби украинӣ барои эҳтиёт якчанд харитаи "нуқтаҳои дарднок"-и инфрасохтори низомии Русияро бо худ оварда буд, ки ният дошт дар сурати гирифтани аслиҳаи дурпарвози "Томаҳавк" ҳамла ба онҳоро ҳамоҳанг созад. Вале ба назар мерасад, ки ин харитаҳо лозим нашуданд.

Донад Трамп ва Владимир Зеленский
Акс аз EPA/Shutterstock

Пас аз поёни дидор, Доналд Трамп бо хабарнигорон суҳбат накардааст, аммо Владимир Зеленский гуфтааст, ки онҳо дар мавриди замонатҳои амниятӣ ва кумаки низомӣ ба Украина гуфтугӯ кардаанд.

Владимир Зеленский гуфтааст, ки ҳайатҳои украинӣ ва амрикоӣ, аз ҷумла, масъалаи таҳвили системаҳои мудофиаи зиддиҳавоиро барои Украина баррасӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои ҳарду ҷониб ба кори худ дар ин самт идома медиҳанд, бо истеҳсолкунандагони амрикоӣ муҳлатҳои иҷрои фармоишҳои Украина ва дигар кишварҳоро мувофиқа мекунанд.

"Ман фикр мекунам, Русия аз "Томаҳавк" метарсад, хеле ҳам метарсад", — гуфтааст Владимир Зеленский дар посух ба саволҳои иловагии хабарнигорон. Ӯ илова кардааст, ки Русия на аз худи мушакҳои амрикоӣ, балки аз истифодаи онҳо якҷо бо дигар намудҳои аслиҳаи Украина метарсанд.

Баъди суҳбат бо Трамп, Зеленский бо роҳбарони аврупоӣ низ тамос гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин гуфтугӯҳо, аз ҷумла, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, дабири кулли НАТО Марк Рютте ва роҳбарони Британия, Италия, Лаҳистон ва Финландия иштирок доштанд.

Владимир Зеленский дар Кохи сафед
Акс аз телеграмканали Владимир Зеленский

Бо онҳо Владимир Зеленский боз масъалаи кафолатҳои амнияти Украина дар сурати бастани созиши оташбас бо Русия, инчунин таъмини Украина бо воситаҳои зиддиҳавоӣ ва барномаи PURL — хариди аслиҳаи амрикоӣ аз ҷониби аврупоиҳо барои Украинаро баррасӣ кардааст.

Доналд Трамп баъд аз мулоқот бо Зеленский бо хабарнигорон суҳбат накард ва фавран ба қароргоҳаш дар Флорида барои истироҳат парвоз кардааст. Дар роҳ ӯ паёме нашр намуд, ки дар он чизе дар бораи натиҷаҳои мушаххаси мулоқот гуфта нашуда буд, вале ҳар ду ҷонибро даъват кард, ки худро пирӯз эълон кунанд.

"Дидор бо президенти Украина, Владимир Зеленский бисёр ҷолиб ва гарм буд, вале ман ба ӯ ҳам мисли президент Путин гуфтам, ки вақти хатми куштору ба созиш расидан аст. Ба қадри кофӣ хун рехт, тамоми марзҳо бо хун кашида шуданд. Бигзор ҳарду ҷониб худро пирӯз эълон кунанд, бигзор инро таърих хулоса кунад. Ҳар ҳафта, ҳазорҳо нафар кушта мешаванд. Бас аст! Бо сулҳ ба хонаҳои худ баргарданд", — навишт ӯ дар Truth Social.

Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Киев ва Москва бояд амалиёти ҷангиро дар хатти ҳозира қатъ кунанд.

Доналд Трамп
Акс аз Bloomberg via Getty Images

Ӯ дар мавриди мушакҳои "Томаҳавк" гуфтааст, ки онҳо хатарнок тавсиф  буда,  додани онҳо ба Украин боиси "афзоиши таниш" хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳошияи мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин, ки шоми 16-уми октябр баргузор шуд, Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар масоили хориҷӣ зикр карда буд, ки “Путин ба Трамп гуфтааст, ки додани мушакҳои “Томаҳавк” ба Украина ба раванди сулҳ ва ҳамчунин, ба робитаҳои Русияву Амрико зарар мерасонад”.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо тавофуқ карда буданд, ки ҳафтаҳои оянда дар шаҳри Будапешти Маҷористон дидор кунанд. Ба гуфтаи Доналд Трамп, дар ин мулоқот масъалаи поёни “ҷанги нангин”-и Русия ва Украина баррасӣ хоҳад шуд.

Он замон Юрий Ушаков гуфта буд, ки суҳбати Путин ва Трамп бо дархости Маскав анҷом шуда, ҳудуди дуввуним соат тӯл кашид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.