Радио эфир
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар даст ба худкушӣ задани сокини шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёрова, ки бо 4 нафар кӯдакони хурдсолаш худро ба дарё партофта буд, ҳамсараш гунаҳкор аст. ...
Ин роҳи оҳан ҷануби кишварро бо пойтахт бидуни гузаштан аз ҳудуди Ӯзбекистон васл карда, баҳри рушди саноату кишоварзӣ ва афзудани гардиши молу маҳсулот мусоидат мекунад.
Баъд аз нисфирӯзии 28-уми июл бар асари боришоти зиёд дар деҳоти Понғоз ва Ашт сели шадид омада, чандин мавзеъро ба харобазор мубаддал кард.
Хоҷа Оби Гарм дар қатори он деҳоти камшумори Тоҷикистон аст, ки 90%-и сокинонаш бо ҷойи кори доимӣ таъминанд ва ниёз ба муҳоҷирати меҳнатӣ надоранд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз авҷи ҷиноятҳо дар остонаи эълони қонуни афви «тиллоӣ» ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ нигаронӣ дорад. Дар ин робита лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳолати ниҳоят махфӣ омода мешавад. «Тафсил...
Рӯзҳои 15-16 июли ҳафаи сипаришуда дар фаъолияти шабакаҳои радиои Тоҷикистон рекорд гузошта шуд: шабакаи радиои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» муддати 25 соат мустақиман барнома пахш намуд. Дар ин радиом...
Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 301,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳис...
Аксари ҷодаҳои маҳаллии вилояти Хатлон дар замони шӯравӣ сохта шуда, 25 соли охир рӯйи таъмиру бозсозиро надидаанд. Аз масофаи умумии онҳо фақат 15 дарсадашон барои равуои нақлиёт мувофиқанд.
- Дар робита ба ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли равон таҳти роҳбарии собиқи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) беш аз 10 корманди сохторҳои қудратӣ маҳкум шуданд, - изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 18...
Хазинаи кӯдакони СММ (UNISEF) барои баргузор намудани ташхиси маҳсулот, аз ҷумла бозичаҳо барои кӯдакон ба Агентии «Тоҷикстандарт» таҷҳизот тақдим намуд. Коршиноси Агентии «Тоҷикстандарт» Убайдулло Раҳматуллоев зимни нишасти хабарӣ ...
Шабакаи телевизиони давлатии «Сафина» суруди «Пайкара гиря мекунад»-ро, ки аз ҷониби овозхони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ дар шаби эҷодии шоир Озарахш пеш аз ҷашни Наврӯз иҷро карда шуда, ба даргирҳои хунин дар Шарқи Наздик аз ҷумла, Ироқу Су...
Аксари гирифторони диабети қанд дар Хатлон аз сабаби надоштани дастрасӣ ба дорувории зарурӣ муолиҷаи саривақтӣ намегиранд. Тибқи муқаррароти соҳавӣ, бояд ба чунин беморон инсулини ройгон пешниҳод шавад, вале ниёзмандон онро бо арзиши гарон мехаранд.
Тӯли солҳои охир дар вилояти Хатлон муттасил 6-8 ҳазор гектар заминҳои ҷамъиятӣ аз гардиши кишоварзӣ берун шуда, киштзору боғот ва манзили шаҳрвандон аз таъсири заҳу рутубат хисорот дида истодаанд.
Тоҷикистон аз рустаниҳои дармонбахш бой аст, аммо 90 дарсади маҳсулоти доруворӣ дар кишвар истеҳсоли ширкатҳои хориҷӣ мебошад.
Тоҷикистон солона 1 миллиону 800 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ масраф мекунад, аммо танҳо 1,3%-и он аз ҳисоби нафти дохилӣ қонеъ мешавад. Ҳамзамон ниёзи ҳамасола ба газ беш аз 2 миллиард м³ аст, ки соли гузашта ҳудуди 4 миллионаш дар кишварамон истихроҷ шуд...
Аксари нақлиёти Ёрии таъҷилӣ дар вилояти Суғд ба меъёрҳои тиббӣ ва талаботи фаннӣ ҷавобгӯ набуда, ҳолати нигаронкунанда доранд.
Суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав нисбати 3 нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин шаҳр Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев, ки дар марги муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов айбдор карда шуда буданд, ҳукм соди...
Чор шаҳрванди Тоҷикистон ба рабудан ва гаравгонгирии ду нафар ҳамдиёрони худ дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд. Аз хешону пайвандони рабудашудагон онҳо 1 млн. рубл барои раҳоии ҳар кадоме талаб кардаанд. Бино ба маъл...
Собиқ варзишгари навъи омехтаи ҳарб (ММА), зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамилов барои қатли мухлиси дастаи хоккейи «Трактор»-и шаҳри Чклябинск Виталий Спиридонов ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Ба иттилои хабаргузории Т...
Аз 19 торнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд айни замон танҳо сеякашон фаъолияти мунтазам доранд.