Мақомоти Узбекистон тасмим надоранд, ки техникаи низомии ба ҳудуди ин кишвар аз Афғонистон воридшударо ба "Толибон" баргардонанд. Зеро, ин техникаҳо моли ИМА ҳастанд.
Дар ин бора дар суҳбат бо расонаҳо намояндаи махсуси Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев хабар дод.
Моҳи январи соли ҷорӣ "Толибон" аз Узбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буданд, ки 40 чархболро баргардонанд. Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи ҳукумати мудофиаи толибон он замон гуфта буд, ки "ба ҳукуматҳои ду кишвар борҳо муроҷиат ва баргардонии чархболҳоро хостаанд".
Сухан аз 24 чархбол ва 22 ҳавопаймо меравад, ки низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли гузашта ба Узбекистон фирор карда буданд. 18 адад техникаи низомии Афғонистон ба ҳамин тартиб ба Тоҷикистон низ оварда шудааст.
Намояндагони вазорати мудофиаи ИМА тасдиқ карданд, ки на Узбекистон ва на Тоҷикистон нияти баргардонии ҳавопаймоҳову чархболҳоро ба Афғонистон надоранд. Дар ҳамин ҳол, амрикоиҳо гуфтанд, то кунун тасмим нагирифтаанд, ки бо ин техника чи кор кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Cоветника посольства Казахстана в ОАЭ отзовут после обвинений в домашнем насилии
Сталинабадские островки милосердия. Где в Душанбе располагались эвакогоспитали в годы ВОВ?
«FORMULA55» стала генеральным спонсором ФК «Истаравшан»
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Душанбе?
Путин поручил провести учения с применением ядерного оружия
Президент Таджикистана произвел перестановки в ряде ведомств (ДОПОЛНЕНО)
Мама плохого не посоветует. О сепарации в таджикском обществе
ООН решила отметить Международный день винторогого козла
В Таджикистане военного парада в честь Дня победы не будет
В Душанбе открылся офис представительства турецкой сети клиник ACIBADEM
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста