Сиёвуш Зуҳуров, муштзани маъруфи тоҷик ва писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар риштаи бокс соҳиби роҳхати олимпии Бозиҳои Олимпиадаи Токио -2020 шудааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Сиёвуш Зуҳуров роҳхати 11-уми олмипии Тоҷикистон аз ҳисоби радабандии қоравӣ ба даст овардааст.
Сиёвуш Зуҳуров 28-сола дорад ва соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда буд. Ӯ, моҳи майи имсол, ҳамчунин дар рақобатҳои қаҳрамонии бокси Осиё дурахшиши хубе дошт ва ба мақоми панҷум расид.Ҳамчунин дастовардҳои дигаре аз чанд мусобиқоти байнулмилалии бокс дорад.
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва падари Сиёвуш аз соли 2015 раиси Федератсияи бокси кишвар аст. Бег Сабур соҳиби чаҳор писар мебошад ва Сиёвуш писари дуввуми ӯст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста