Дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ 10 даста иштирок мекунанд, ки дар ҳайати онҳо 44 бозигари хориҷӣ (легионерҳо) аз 13 кишвар ва 3 қора ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Теъдоди аз ҳама бештари онҳо  26 бозигар аз Африқо мебошанд. Қораи Осиёро 13 бозигар аз 4 кишвар ва Аврупоро - 5 бозигар намояндагӣ мекунанд.

Аз ҳама бештар легионерҳо Аз Гана мебошанд. -дар мавсими нав 14 намояндаи ин кишвар дар дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Дар зинаи дуюм аз лиҳози теъдоди легионерҳо Камерун (8 бозигар) ва сеюм - Ӯзбекисстон (7 легионер) қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи регламенти чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2023, дастаҳои Лигаи олӣ то 7 нафар легионерҳоро ба ҳайати худ қабул карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, дар як вақт дар майдон танҳо 5 легионер бозӣ карда метавонанд.

Аз ҳама зиёдтар легинерҳо дар дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” - 7 нафарӣ бозӣ мекунанд, ки бо ин дастаҳо қарордод бастаанд.

Ғайр аз ин, сармурабииёни 4 дастаи футболи Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон пеш аз ин легионерҳо аз Русия, Ӯзбекистон, Украина, Бразилия, Гана, Эрон, Сербия ва дигар кишварҳо бозӣ кардаанд ва ё айни замон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.