Шабонарӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, шоми рӯзи 10 июн дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» байни сарҳадбонон ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дода, марзшиканон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд. Аз ҷойи ҳодиса 15 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 1 кило афюн дарёфт шуд.

Нимаи рӯз дар қаламрави ҳамин дидбонгоҳ пас аз муқовимати начандон тӯлонӣ қочоқбарони афғонз 7 кило ҳашиш ва 4 кило афюнро дар ҷойи ҳодиса гузошта, ба қаламрави кишвари ҳамсоя фирор намуданд.

Нимашаби рӯзи 10 июн дар қаламрави дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» баъди задухӯрди мусаллаҳона қочоқбарон 35 кило ҳашишро дар қаламрави Тоҷикистон монда, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни задухӯрдҳо ҳеҷ касе аз марзбонони тоҷик осеб надида, аз рӯи ин далелҳо санҷиш ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.