Муштзани маъруфи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтеулу дар Қазоқистон соҳиби медали тилло шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа рӯзҳои 21-24 ноябр дар шаҳри Актау бо иштироки беш аз 70 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Русия ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

Баҳодур дар вазни -63 кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, ҷойи аввалро ишғол намуд.

Намояндаи дигари кишвари мо Иззатулло Алиев (вазни -52кг) дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб гашт.

Ёдовар мешавем, ки ин шашум медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад. Ӯ медали тиллои Чемпионати Осиё ва дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.