Ширкати алюминийии тоҷик "Талко" аз ширкати "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор будааст. Ин ширкат бузургтарин қарздор дар миёни ширкатҳои қарздор унвон мешавад. Ҳамчунин қарзи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2021 аз ин ширкат як миллиарду 342 миллион сомониро ташкил медиҳад, - мегӯяд масъулони ин ширкат. Ҳамчунин қарзи дебитории қувваи барқ 3,1 миллиард сомонӣ шудааст.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 млрд, 536,8 млн кВт.соат барқ содир кардааст. Аммо ба гуфтаи масъулони ширкат, ин миқдор неруи содиротӣ нисбат ба як соли пеш хеле кам аст.

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоилзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки онҳо аз соли 2019  ба хориҷ 1 млрд, 399,8 млн, кВт.соат  барқ кам содир кардаанд, ки ин барои ширкат 38,4 миллион сомонӣ зарар овардааст.

"Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкати Барққи Тоҷик 15 млрд, 248,4 млн кВТ соатро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 215,6 млн.кВт соат кам мебошад. Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар мебошад", - гуфт Исмоилзода.

Дар умум, соли 2020 "Барқи тоҷик" дар бозори дохилӣ ба маблағи 3 млрд, 414,1 млн.сомонӣ неруи барқ фӯрухтааст, ки назар ба соли 2019 388,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.