Вазорати корҳои дохилӣ оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро шарҳ дод. Навори видеоии оташ гирифтани  ин арча рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва вокунишҳои корбаронро ба дунбол дошт.

Дафтари матбуоти ВКД далели оташ гирифтани ин арчаро оташбозии чанд ноболиғ дар атрофи он гуфтааст. 

"3 январи соли 2022, тахминан соати 12:32-дақиқа, дар вақти бо оташ бозӣ кардани 3 нафар ноболиғ: бародарон Н.М., соли таваллудаш 2010, Н.Т., соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Озоди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва С.И., соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ дар Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш сӯхтор ба амал омадааст",- овардааст ВКД.

Бояд гуфт, ки баъди нашри видеои оташ гирифтани ин арчаи солинавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе корбарон носанҷида онро кори дасти нафарони бунёдгаро хонданд.

Аммо ВКД мегӯяд, ки сӯхтор сари вақт аз сӯйи кормандони оташнишонии ноҳияи Вахш хомӯш карда шудаааст, вале ин ниҳод зарари расидаро 2 ҳазор сомониро гуфтааст. Ҳамчунин ВКД гуфтааст, ки "дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар зарар надидааст".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.