Хадамоти зиддиинҳисории кишвар сабаби болоравии нархи маҳсулотро ба афзоиши нархи харид дар кишвари истеҳсолкунанда ва гаронии таҳвили он рабт дод.

"Масалан, аз рӯйи коҳиши қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ арзиши аслии 1 тонна гандум 869 сомонӣ паст гардида бошад ҳам, нархи хариди он дар кишвари истеҳсолкунанда 1 ҳазору 15 сомонӣ гарон шуд" – иброз дошт Қурбонзода Сафаралӣ, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ 13 июл дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ илова намуд, ки ин раванд дар дигар намуди маҳсулот, ба мисли равғани растанӣ, шакар, сӯзишворӣ ва ғайра низ дахл дорад.

Қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ аз аввали соли ҷорӣ 7,2% - аз 11,3000 сомонӣ барои 1 доллар дар санаи 1 январ то имрӯз, 13 июл ба 10,4898 сомонӣ поин рафт.

Қурбонзода иброз дошт, ки Қазоқистон яке аз содиркунандагони калидии маҳсулоти орд ва гандум (97,9%) ба ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, нархи гандуми содиротии ин кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 245-250 доллар то 380-405 доллар афзоиш ёфтааст.

“Воридоти гандум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2% ва шакар 24,6% коҳиш ёфтааст, ки ин далели дигаре барои болоравии арзиши орду шакар бошад”, - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои Агентии омори кишвар дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ  қанд (шакар) – 9,61% ва маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 13,9% гарон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Қазоқистон тибқи квота гандум мегирад ва дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ин кишвар 175,8 ҳазор тонна гандум ворид кардааст. Тоҷикистон ҳамасола аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тонна гандум мехарид ва имсол воридоти ғалла аз ин кишвар метавонад ҳудуди 20 дарсад коҳиш ёбад.

Ин дар ҳоле, ки Қазоқистон аз 8 июл барои содироти гандум, орд ва тухми офтобпараст ба ҳамаи кишварҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст, ки то 30 сентябр амал мекунад.

Сабти пурраи нишасти матбуотиро инҷо тамошо кунед: