Як хонаводаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дарёфт кард. Сафорат рӯзи 7-уми октябр бо нашри ин хабар навишт, ки минбаъд тамоми виза ё раводиди муҳоҷират ба ин кишвар аз Душанбе дода мешавад. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид ба Алматои Қазоқистон мерафтанд.
Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри акси ин хонаводаи тоҷик ба онҳо сафари хубу зиндагии навро дар Амрико хостааст. Аммо Сафорат номи ин хонаводаро эълон накардааст.
Мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳаққи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотореяи “Грин-корт” маъруф аст, рӯзи 5-уми октябр шурӯъ шуд. ИМА ҳар сол барои 55 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.
Қаблан дар хусуси тарзи дурусти пур кардани ариза барои иштирок дар бурди корти сабз маълумоти муфассал дода будем, ки тавассути ин линк метаван бо он шинос шуд.
Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон ҳудуди 3 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст.
Свыше 300 человек погибли из-за наводнения в Афганистане
Каждую неделю – по серебру. Таджикский тяжеловес Рахимов стал вторым в Казахстане
Путин решил заменить министра обороны гражданским лицом - экономистом Белоусовым
В Петербурге водителя автобуса, упавшего в реку, обвинили в незаконной легализации мигрантов
9-летний Эмир, которого поддерживал весь Таджикистан, умер от лейкемии
«Запрыгнул в последний вагон!»: таджикский легионер выиграл путевку на Игры-2024
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 мая 2024 года
Пять мест для весеннего пикника в Душанбе и около столицы
"Эй, джони ман". Как Полад Бюльбюль-оглы и Орифшо Орифов дали концерт в Таджикистане
В какие университеты Китая могут поступить граждане Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста