Имрӯз, 2-юми август, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №355 “Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти расҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар қарори мазкур зикр мегардад, ки он пас аз ду моҳ, яъне шурӯъ аз моҳи октябр қувваи амал пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, ки қарори мазкур бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо қабул гардидааст.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Таъкид мешавад, ки Хадамоти гумрук якҷо бо ВКД назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқи қарори мазкур таъмин менамоянд.

Қаблан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруди мошинҳои соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди кишвар манъ карда шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.