Дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба анҷом расонидани сохтмон ва мавриди истифода қарор додани қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб дар назар аст. Ин ҷода вилояти Хатлонро бо пойтахти кишвар бидуни гузаштан аз ҳудуди Ӯзбекистон васл карда, баҳри рушди саноату кишоварзӣ ва афзудани гардиши молу маҳсулот мусоидат мекунад. Роҳи навбунёд барои боркашонӣ ва мусофирбарӣ пешбинӣ шудааст.

Роҳсозӣ омили раҳоӣ аз бунбаст


Аҳмадҷон Каримов , ки дар соҳаи роҳи оҳан таҷрибаи беш аз 30-солаи корӣ дорад, аҳамияти бунёди ин масири стратегиро ба хубӣ дарк мекунад. Ӯ тайи чанд соли охир масъулияти роҳбарии яке аз қитъаҳои сохтмониро бар дӯш дорад. Аҳмадҷон мегӯяд, ки бо ҳамкоронаш дар чунин сохтмонҳо таҷрибаи зиёд андӯхта, маҳорати худро барои босифат ба итмом расондани қитъаи Ваҳдат-Ёвон равона кардаанд.

Сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб моҳи марти соли 2009 оғоз ёфтааст. Масофаи он 40,7 километр аст.


Дар тӯли роҳ 3 нақби дарозии умумиашон 3643 метр ва 8 пули хурду бузург бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардидаанд.

 


Ҳамчунин истгоҳҳо, такядеворҳо, хатҳои барқи ҳавоӣ, қубурҳои обгузар ва иншооти дигар сохта шудаанд.


Дар бунёди қитъаи мазкур беш аз 10 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият карда, паймонкори кулли сохтмон ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аст. Ба корҳои сохтмонӣ 561 нафар ҷалб шудаанд, ки бештари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Арзиши лоиҳавии иншоот ҳудуди 130 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 


Ширкати Идораи 19-уми роҳи оҳани Чин бо истифода аз қарзи «Эксимбонк»-и ин кишвар шурӯъ аз моҳи майи соли 2015 ба фаъолияти роҳсозони ҷумҳуриамон пайваста, дар ин масир 3 нақб ва 5 кӯпрукро бунёд кард. Сохтмони 3 пули дигар аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Муомилот» сурат пазируфт.

 


Қитъаи Ваҳдат-Ёвон ягона роҳи оҳан дар Тоҷикистон аст, ки бо нақбҳои азим сохта шудааст. Онҳо бо назардошти шароити ҷуғрофӣ бунёд гардида, имкон медиҳанд, ки ҳаракати қатораҳо дар ҳама фасли сол бидуни мушкилӣ сурат пазирад.

 

Ҳафту ним соли талош

Равуои қатораҳо миёни Душанбе ва Хатлон қаблан тавассути қаламрави Ӯзбекистон сурат мепазируфт. Аммо дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани ин кишвар дар қитъаи Амузанг-Термез тахриб шуд. Дар натиҷа ҳамлу нақли молу коло тавассути қатора миёни пойтахт ва ҷануби Тоҷикистон қатъ гардида, нархи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти воридотӣ боло рафт.


Аслан, бунёди масири Ваҳдат-Ёвон ҳанӯз ду сол пеш аз ин қазия бо маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оғоз ёфта буд. Вале ба гуфтаи масъулин, муҳлати сохтмон аз сабаби камбуди маблағ ва душвории корҳо дар ин масир тӯл кашид. Сарфи назар аз мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ, роҳсозон тавонистанд дар давоми ҳафту ним сол ин қитъаи муҳими роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлобро бисозанд.

 

Зарурати пайванди қитъаҳои ҷудогона​​​​​​​


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми майи соли 2015 зимни суханронӣ дар маросими оғози корҳои сохтмони нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон чунин гуфта буд: «Алҳол аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ роҳи оҳани Тоҷикистон аз се қитъа иборат мебошад, вале ин қитъаҳо аз ҳамдигар ҷудо буда, танҳо баъди убури ҳудуди кишварҳои ҳамсоя бо ҳамдигар пайваст мешаванд, ки чунин ҳолат душвориҳои зиёдеро пеш меорад. Дар сурати ба кор оғоз намудани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки мо имрӯз ба бунёди нақбҳои он шурӯъ намудем, барои корҳои бору мусофиркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат имконияти беҳтарин муҳайё гардида, масофаи роҳ хеле кӯтоҳ мешавад».

Роҳ 313 километр кӯтоҳтар мешавад​​​​​​​

Қитъаи Ваҳдат-Ёвон аҳамияти стратегии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ин хати нави роҳи оҳан пойтахти кишварамонро ба маркази вилояти Хатлон бидуни убур аз марзи Ӯзбекистон пайваст мекунад. Ин имкон медиҳад, ки ҷараёни боркашонӣ бе хароҷоти барзиёд сурат пазируфта, иқтисоди Тоҷикистон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ашхоси борфиристон манфиати бештар бинанд.


Қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки қаблан таввассути қаламрави Ӯзбекистон қариб як шабонарӯз ҳаракат мекард, ҳамакнун метавонад роҳи дохилиро ба зудӣ ва бемонеа тай кунад. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҶТ, то замони татбиқи ин лоиҳа агар масофаи боркашонӣ аз истгоҳи Душанбе-1 то Қӯрғонтеппа тариқи кишвари ҳамсоя 432 километрро ташкил медод, баъд аз фаъолияти ин роҳи оҳан масофаи мазкур 313 км кӯтоҳтар шуда, дар тамоми сол ду минтақаи калони Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад.

Коҳиши роҳхарҷӣ ва осоншавии бору мусофирбарӣ​​​​​​​

 

Ин роҳи нав имкон медиҳад, ки интиқоли молу коло бо хароҷоти камтар амалӣ шавад. Аз таҳлили мутахассисон бармеояд, ки арзиши ҳамлу нақли 1 тонна бор тавассути хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа қаблан 19 доллари ИМА буд. Бо оғози ҳаракати қатораҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ҳамлу нақли бор тақрибан 4,6 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки чаҳор баробар арзонтар аст. Масъулини Вазорати нақлиёти ҶТ самаранокии иқтисодии яксолаи истифода аз ин ҷодаро тахминан 46 миллион сомонӣ арзёбӣ карда, мегӯянд, ки он хароҷоти сохтмонашро дар давоми 10 сол мепӯшонад.

Бо шурӯи ҳаракати қатораҳо дар масири нав тиҷорату равуо барои тоҷирону кишоварзони ватанӣ ва сайёҳон осон ва бамаротиб арзонтар мешавад.

Дар робита ба аҳамияти роҳи мазкур Суҳроб Соҳибназаров, сардори Раёсати роҳи оҳани Вазорати нақлиёти ҶТ чунин ибрози назар кард: «Баъди ба истифода додани хатти роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон масофаи боркашонӣ 119 километр мешавад. Мо метавонем, хатсайри мусофирбарии наздишаҳриро дубора барқарор созем ва қатораи мо тавассути истгоҳҳои Душанбе, Ваҳдат, Ёвон, Қӯрғонтеппа то Кӯлоб ҳаракат карда, мусофиронро тӯли чанд соат ба манзили худ расонад». Ба гуфтаи ӯ, фаъолшавии роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад, ки наздик ба 100 нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд.

Роҳи оҳани миёни Душанбе ва Хатлон боркашониро ҳам осон карда, барои бо нархи арзон вориди бозор шудани маҳсулот ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад. Кишоварзони вилояти Хатлон имкон пайдо мекунанд, ки молу маҳсулоти худро тавассути қатора ба бозорҳои пойтахт ва берун аз он бо хароҷоти камтар интиқол диҳанд.


Сокини ноҳияи Ёвон Шамсиддин Нозуков дар ин бора мегӯяд: «Имрӯз мардуми Тоҷикистон умедворанд, ки роҳи нави оҳан кушода мешаваду деҳқонони мо маҳсулоти худро тавассути он ба ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар содирот мекунанд».

Амалисозии ҳадафи стратегӣ​​​​​​​

Масири Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб барои рушди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани минтақавию дохилӣ замина гузошта, ба гуфтаи коршиносон, дар оянда Тоҷикистонро тавассути роҳҳои байнулмилалӣ ба бандарҳои бузурги баҳрию наҳрӣ мепайвандад.

Бо назардошти ин, Вазорати нақлиёти ҶТ ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” якчанд лоиҳаро ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои оянда пешниҳод кардаанд:

- сохтмони роҳи оҳани Хитой-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон;

- сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон;

- сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи Поён.


Татбиқи ин лавоеҳи фаромарзӣ афзалиятнок ба шумор рафта, барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Зимнан яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати воҳиди транзитӣ амалӣ мешавад. Коршиносон барои расидан ба ин ҳадаф тарроҳии сохтмони боз як роҳи оҳани дохиликишварӣ аз пойтахт ба вилояти Суғдро муҳим арзёбӣ мекунанд, ки дар ин сурат се қитъаи фаъоли ҷодаҳои шимолу марказ ва ҷануб ба ҳам васл мешаванд.