Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба фаъолияти соҳибкорон дар соҳаҳои истеҳсолӣ давоми ду соли оянда моратория (қатъи муваққатии санҷиш) эълон шавад.

Зимни суханронӣ дар маросими ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон аз санҷишҳои беасос ва такрории фаъолияти соҳибкорон, ки ба ақидаи ӯ, ба рушди тиҷорат дар ҷумҳурӣ монеа эҷод мекунанд, нигаронӣ изҳор намуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки айни замон фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби 78 мақомоти назоратӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор мегирад.

Бино ба гуфтаи ӯ, тӯли 2 моҳи соли равон ба ҳар як шахси ҳуқуқии амалкунанда дар Тоҷикистон 5 санҷиш рост омадааст.

Дар ин робита президенти мамлакат «ҷиҳати бартараф кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолӣ», дастур дод, ки ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Агентии зиддифасод ва Бонки миллӣ,  муддати ду соли оянда ба дигар санҷишҳо моратория эълон карда шавад.