Бо назардошти сатҳи рушди иқтисод ва имконоти молиявии кишвар, аз 1 сентябри соли оянда музди меҳнати ҳамаи кормандони сохторҳои буҷет 15 фоиз зиёд мешавад. Дар ин бора Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон маълумот дод.

Ба ақидаи коршиносон, ҳукуматдорон болоравии ҳаҷми савдои хориҷиро дар назар доранд ё ин як навъи назди мардум худро хуб нишон додан аст.

- Қарори болоравии маоши кормандони буҷет ба умеди фаъол шудани иқтисоди кишвар баъди давраи буҳрон қабул шуда, ҳукумат оянда афзоиши ҳаҷми савдои хориҷиро бо назардошти барқарор шудани ҳаҷми он баъди ду соли поинравӣ дар назар дорад, - мегӯяд иқтисодчӣ Бахтиёр Акобиров. - Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ низ афзоиш ва бозори истеъмолии дохилӣ фаъол шуда метавонад. Ҳамаи ин ба афзоиши ҳаҷми ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ боис мегардад, ки таври маълум беш аз 70%-и ҳаҷми даромади буҷетро ташкил медиҳад.

Ӯ қайд кард, ки соли 2018 ҳукумат 21 млрд. сомонӣ даромадро интизорӣ дорад, ки 14,4 миллиарди он маблағи пардохтҳо аз андоз мебошанд.

«Агар ин воситаҳо пурра бу буҷет ворид шаванд, боло бурдани маоши кормандони буҷет ба андозаи 10-15% комилан имконпазир аст, вале ин болоравӣ набуда, як тасҳеҳ аст, зеро муддати 2 соли охир маош зиёд нашуда, нарху тарифҳо дар ин давра қариб 14% афзуданд ва пули миллӣ 24% беқурб шуд», - иброз дошт номбурда.

Коршиноси дигари масоили иқтисодӣ Сафар Арбатов мегӯяд, бо инобати таваррум дар ҷумҳурӣ тӯли се соли охир, ин дар амал як тасҳеҳи буҷетӣ аст. «Қонуни буҷети давлатӣ барои соли оянда қабул шуд, ки ин як амри воқеӣ аст. Ин тасҳеҳ бидуни шубҳа ба бозор таъсир мекунад. Бо наздик шудани моҳи сентябр нархҳо ба ҳама маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизойӣ боло мераванд», - мутмаин аст ӯ.

Иқтисодчӣ Акбаралӣ Саидов низ бо ӯ ҳамфикр аст:

- Метавон бисёр чиз ваъда кард, вале қайд кардан лозим аст, ки босуръат болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ, болоравии маошро «ночиз» мекунад.

Саид Ҳабибов, иқтисодчии дигар мегӯяд, болоравии охирини маош моҳи июли соли 2016 сурат гирифта, он вақт ҳадди ақали маош барои ҳамаи соҳаҳо 400 сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, ки бо қурби санаи 01.07.2016 сол (7,86) тақрибан ба 50 доллар баробар буд.

- Агар афзоиш 15% сурат гирад, маоши ҳадди ақал ба 460 сомонӣ расида, бо қурби имрӯзаи Бонки миллӣ (8,82) маоши ҳадди ақал  2 доллар зиёд шуда, 52 долларро ташкил медихад, яъне бо доллар болоравӣ ҳамагӣ 2% аст.

- Албатта на ҳамаи минтақаҳо болоравии маошро таъмин карда метавонанд ва ба эҳтимоли зиёд кумак лозим мешавад, - изҳор дошт иқтисодчӣ. - Зимни қабули буҷети соли 2018 он нисбати соли 2017 - 7% зиёд қабул шуд, ҳарчанд маълум нест, ки буҷети соли 2017 аз рӯи нақша иҷро мешавад ё не. Бисёре аз минтақаҳо аз маош қарздории зиёд доранд, вале инро пӯшида нигоҳ медоранд.

Ба гуфтаи Ҳабибов, ба эҳтимоли қавӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон умедворӣ мешавад, ки тӯли 9 моҳи соли равон 18% зиёд шуд.

- Лекин хавфе вуҷуд дорад, ки бинобар сабаби баргузории чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия, интиқоли пулҳои муҳоҷирон кам мешавад. Аз ин рӯ, ҳоло мушаххасан маълум нест, ки моҳи сентябр болоравӣ сурат мегирад, тавре ки бори гузашта буд.