Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ҷонибдорӣ намуд. Ҳаҷми умумии буҷет соли оянда ба миқдори 2,7 млрд. сомонӣ афзуда мешавад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми 23 млрд. 774 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 2,7 млрд. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли оянда ба маблағи 24 млрд. 165 млн. сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ – беш аз 1,2 млрд. сомонӣ, маориф – наздики 4,4 млрд. сомонӣ, тандурустӣ – зиёда аз 1,7 млрд. сомонӣ ва хароҷот ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – ҳудуди 3,7 млрд. сомонӣ, чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва солимгардонӣ – 740 млн. сомонӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 962 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба комплески таъминоти сӯзишворӣ ва энергетика – маблағгузории беш аз 4,1 млрд. сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 915 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия – беш аз 1,7 млрд. сомонӣ ва дигар бахшҳои иқтисод ва хизматгузорӣ – наздики 46 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми дигар хароҷоти ба маблағи ҳудуди 2,6 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли оянда 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё худ ҳудуди 391 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Барои пардохти қарзи асосии хориҷии кишвар дар соли оянда ҷудо гардидани беш аз 1,2 млрд. сомонӣ ва пардохти қарзи дохилӣ – наздики 222 млн. сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли оянда дар ҳаҷми 350 млн. сомонӣ тасдиқ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.