“Мо бояд он мушкилоту системаҳои бюрократиро, ки ҳоло ҳам барои содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, пурра аз байн бардорем”, - гуфт имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон.

“Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 18,9%-и соли 2013 ба 27,4% дар соли 2019 расидааст, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест, яъне суръати афзоиш ҳанӯз паст мебошад. Дар таркиби содирот қариб 90%-и маҳсулотро ашёи хом ташкил медиҳад. Мо қарор қабул кардем, ки минбаъд он захираҳои зеризаминӣ ва конҳоеро, ки ба соҳибкорони ватанӣ ё хориҷӣ пешниҳод мекунем, ҳатман шартнома имзо шавад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нашудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мебошад. Ӯ масъулон, аз ҷумла, Палатаи савдо ва саноатро уҳдадор кард, ки дар ин самт корҳоро ҷоннок намоянд.

“Бо мақсади таъмини дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯйи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шавад. Ҳамзамон корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо кардани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд. Имрӯз дар берун аз кишвар имконияти пайдо кардани маълумоти кофӣ доир ба корхонаҳои саноатӣ ва  маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон маҳдуд аст”, - қайд кард сарвари давлат.

Вай афзуд, ки сомонаҳои интернетии корхонаҳо роҳи аз ҳама самараноки муаррифии маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоб мераванд. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Президенти мамлакат ҳамчунин ба раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат кард, то ки онҳо ба фаъолияти истеҳсолгарон дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат кунанд.

“Чандин сол боз дар низоми бонкии Тоҷикистон як проблемаи бениҳоят ҷиддӣ ҳаст. Сиёсати Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои саҳҳомӣ бояд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронида шавад. Фақат ғами системаи бонкии худро нахӯред! Дар дохили давлат давлати дигар бунёд кардан даркор нест! Дар асоси қонунҳои амалкунанда вазифаи аввалиндараҷаи Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои саҳҳомӣ дастгирии истеҳсолкунандагон, соҳибкорон ва тоҷирон барои рушди иқтисоди кишвар аст. Вазифаи дигар надоред”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба қавли ӯ, афзоиши маблағгузорӣ ба ҳамаи соҳаҳо, бахусус, соҳаи истеҳсолӣ, инчунин коҳиши меъёрҳои фоизии қарзҳои бонкӣ лозим аст.

Раисҷумҳур ба мақомоти дахлдори соҳавӣ дастур дод, ки “Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021-2025”-ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.