Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 26 апрел бо намояндагони ширкати швейтсариягии «Rieter»-и Швейтсария дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои бахши котиботи Вазорат, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати мазкур, роҳҳои дастрас намудани технологияҳои пешқадами коркарди нахи пахта ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт маҳсуб меёбад.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли ҷӯроб иштирок намуда, мубодилаи маълумоти дахлдор сурат гирифт.
Ҳамчунин боздиди намояндагони ширкати «Rieter» аз як қатор корхонаҳои болозикр ва шиносоии наздики онҳо бо фаъолияти ин корхонаҳо дар назар аст.
Зикр мегардад, ки ширкати «Rieter» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги дастгоҳҳои ресандагӣ бо маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Ширкат дорои 15 корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои гуногуни олам мебошад, ки дар он ҷо наздики 5000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Корхонаи фаръии ин ширкат - «Rieter Uzbekistan» аз соли 2011 дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон фаъолият мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста