Ҷузъиёти тавозуни барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк” (ТСБ) ва “Агроинвестбонк” танҳо баъди аз ҷониби додгоҳ таъин шудани мудири махсус ва тасдиқи нақшаи барҳамдиҳии ин бонкҳо дастрас мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).
Дар Бонки миллӣ бо истинод ба қонунгузорӣ зикр мекунанд, ки “муҳлати аз ҷониби суд таъин шудани мудири махсус ба ҳолатҳои мавҷуда вобаста аст”.
“... Дар муддати 60 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори суд дар бораи парванда оид ба муфлисшавии ташклоти қарзӣ, мудири махсус нақшаи муфассали барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро таҳия ва ба тасдиқи суд пешниҳод мекунад, ки он инчунин аз тавозуни аввалияи дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ, ки ба ҳолати оғози барҳамдиҳӣ арзёбӣ шудаанд, иборат аст”, - гуфта мешавад дар посухи ба дасти “Азия-Плюс” расидаи Бонки миллӣ.
Тибқи маълумоти пешакии БМТ, ба ҳолати 30 апрели соли 2021 уҳдадориҳои тавозунии “Агроинвестбонк” 1 млрд 380,4 млн сомонӣ (қариб 122 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии дороиҳо (брутто)-и ташкилоти мазкур 1 млрд 826,9 млн сомонӣ (зиёда аз 161 млн доллар) арзёбӣ мешаванд.
Уҳдадориҳои тавозунии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин давра ба 1 млрд 263,7 млн сомонӣ (ҳудуди 112 млн доллар) баробар буда, арзиши умумии дороиҳо (брутто)-и ин бонк 3 млрд 922,2 млн сомонӣ (беш аз 346 млн доллар) арзёбӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаҳои ин ду бонкро 21 майи соли равон Бонки миллӣ бозхонда, барои барҳамдиҳии бонкҳо бояд бо қарори суд мудирони махсус таъин шаванд.
Бино ба маълумоти БМТ, шумори умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” айни замон 27,7 ҳазор нафарро ташкил дода, амонати 23,7 ҳазор (86%) нафари онҳо пурра ва 4 ҳазор нафарашон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ ҷуброн мешавад.
Теъдоди умуми амонтагузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пасандози 3,5 ҳазор (64%) нафар пурра ва 2 ҳазор амонатгузорон қисман аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ ҷуброн мешавад.
Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо гузашти 14 рӯз аз замони қабули қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент (ба гумони ғолиб, дар БДА “Амонатбонк”) оғоз мегардад.
Қисмати боқимондаи қарзҳо аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо аз ҷониби мудири махсус баргардонида мешавад, гуфта мешавад дар фарҷоми посухи Бонки миллӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
В Бохтаре планируют построить 80 многоэтажных жилых домов
Zypl.ai: первый стартап из Таджикистана, получивший лицензию в ADGM и принявший участие в программе Hub71
Чем опасны таджикские колдуны?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Кармен», «Маленький принц» и K-POP Party
Оползни и сели в Таджикистане подтопили дома и разрушили дороги
Дело Иванова. Бывший замминистра обороны России арестован до 23 июня
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста