Ба ҳолати то 1 ноябри соли 2021 қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” барои интиқоли барқ ба беш аз 2 млрд сомонӣ расид. Қарздорӣ амалан аз замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввал дар соли 2008 сар шуда, мунтазам зиёд мешавад.
Пардохт аз ШСХК “Барқи тоҷик” дар доираи ҷадвалҳои пардохтҳои ҳади ақалл (ҳудуди 40% аз арзиши барқи харида) сурат мегирад, ки ба таъмини кори доимии неругоҳ, анҷоми корҳои таъмир ва пардохти музди меҳнат ба кормандон имкон медиҳад, аммо неругоҳ ба иҷрои уҳдадориҳои худ ба саҳмиядорон, инчунин назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ имкон намеёбад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” яке бузаргтарин қарздорон аз пардохти андоз ба буҷети Тоҷикистон аст. Маблағи қарз аз андоз то 1 ноябри соли ҷорӣ ҳудуди 170 млн сомонӣ (15 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Қарз аз андоз дар натиҷаи аз ҷониби ШСХ “Барқи тоҷик” пурра пардохт нашудани маблағи барқи интиқолёфта ва камбуди маблағ дар неругоҳ барои пардохти пурраи андозҳо ба вуҷуд омадааст, ки дар ниҳояти кор ба камшавии воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ боис мегардад.
Соли равон сатҳи пардохти маблағ барои барқ аз 38% боло нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Первую гостиницу Душанбе важно сохранить
Куандык Бишимбаев приговорен к 24 годам лишения свободы за убийство жены
Как 23-летняя девушка из Таджикистана трансформирует микрокредитование на Ближнем Востоке и в Центральной Азии
Республиканский турнир TAJMMAF: путь к Чемпионату мира
Узбекистан даст Казахстану более 900 млн кубометров воды в поливной сезон
В Душанбе молодая девушка родила первенца в «Олуча Такси»
В Армении на акциях в поддержку отставки Пашиняна задержали 151 человека
Фотограф из Таджикистана представит свои работы на медиа-форуме «Диалог Культур»
Узбекистан в 2024 году освоит $5 миллиардов российских инвестиций
Почему Путин снял Шойгу и почему назначил экономиста министром обороны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста