Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи рушди иқтисодӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар солҳои 2000 - 2021 сатҳи камбизоатӣ, ки мутобиқи методҳои миллии баҳодиҳии сатҳи камбизоатӣ  арзёбӣ карда мешавад, зиёда аз 80 фоиз ба каме бештар аз 25 фоиз коҳиш ёфт ва иқтисоди кишвар дар як сол ба ҳисоби миёна 7 фоиз афзоиш ёфт.

Аммо, мисли аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон то ҳол пурра давраи диверсификатсиониро паси сар накардааст. Вобастагӣ  аз содироти истихроҷи маъдан ва интиқоли пул онро то ҳадде  осебпазир кардааст. Мутаассифона  дар ду соли охир, кишвар дар зери таъсири ҳамагирии бемории COVID-19, низоъ дар Афғонистон ва ҷанг дар Украина қарор дорад.

Ҳамаи ин омилҳо боиси коҳиши назарраси фаъолияти иқтисодӣ, тағйирёбии қурби асъор ва ноустувории бахши молиявӣ мегарданд. Бозори меҳнат нисбатан ноустувор боқӣ монда,  амнияти озуқаворӣ низ аз сатҳи пеш аз пандемия бо сабабҳои низоъҳои дар ҷаҳон рӯй диҳанда, тамоюл ба  пастравӣ дорад.

Ин омилҳои беруна ҳам ба хонаводаҳо ва ҳам ба соҳибкорони микро ва хурд таъсир мерасонанд.  Дар хочагиҳо, бисёриҳо дар натиҷаи афзоиши хароҷот аз ҳисоби болоравии  нархи молҳои талаботи ҳаррӯза ва коҳиши даромад аз сабаби коҳиши шуғл ва интиқоли пулро  эҳсос мекунанд. Дар самти  бахши хусусӣ бошад ширкатҳои тоҷикӣ дар бораи афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ ва мушкилоти рӯзафзун дар дастрасӣ ба қарз аз сабаби фоизи баланд ё набудани гарав ва кафолатҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.

Вазъияти ба миёномада аҳамияти вуҷуд доштани  як низоми қавӣ ва фарогирандаи молиявиеро таъкид месозад, ки метавонад ҳам ба шахсони воқеӣ ва ҳам соҳибкорони хурд шароити мусоиде фароҳам орад, то онҳо барои рушд ва некӯаҳволии худ сармоягузорӣ кунанд, аз имкониятҳои тиҷорат истифода баранд ва ба чунин зарбаҳои иқтисодӣ тоб оранд.

Гарчанд Тоҷикистон дар густариши фарогирии молиявии мардуми кишвар ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, ҳоло ҳам бояд корҳои зиёдеро анҷом дод. Масалан, шумораи дорандагони суратҳисоби бонкӣ аз 3 фоиз дар соли 2011 то 47 фоиз дар соли 2017 афзоиш ёфт, аммо ин нишондиҳанда дар соли 2021 то 39 фоиз коҳиш ёфт. Шумораи дорандагони корти кредитӣ то ҳол паст аст, яъне 2 фоизро ташкил медиҳад, ки аз 6 фоиз дар соли 2017 поён рафтааст. Мувофиқи маълумоти Findex 2021, соҳибони корти дебетӣ каме баландтар, яъне 15 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз он, ки беш аз 80 фоизи аҳолии ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрасинадошта соҳиби телефони мобилӣ ҳастанд, истифодаи пардохтҳои рақамӣ аз 44 фоизи соли 2017 то 33 фоиз дар соли 2021 коҳиш ёфт. Ин барои сиёсатмадорон ва бахши хусусӣ барои аз байн бурдани чунин фарқият масалан, тавассути интиқоли музди меҳнат ва пардохтҳои нафақа ба суратҳисобҳо ё истифодаи ҳамёнҳои мобилӣ барои пешниҳоди қарз имкони бузурге фароҳам меорад.

Хурсандиовар аст, ки Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам бештар фаро гирифтани аҳолӣ бо ин хизматрасониҳо, аз ҷумла тавассути Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026, ки ба татбиқи он чанде пеш оғоз бахшида шуд, қадамҳои зарурӣ гузошта истодааст. Ин ташаббус бо иштироки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, ки таҳти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон  ва бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) роҳандозӣ гардид, барои рафъи монеаҳои тӯлонӣ – аз нокифоягии инфрасохтори молиявӣ, меъёрҳои нокифояи ҳуқуқӣ ва меъёрӣ то дастгирии заифи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва рушди сохторҳои молиявӣ харитаи роҳе пешниҳод мекунад.

Дар он чораҳое пешбинӣ гардидааст, ки ҳукумат метавонад дар самти низоми фарогирии молиявӣ - таъмини инфрасохтори муҳим, фароҳам овардани муҳити мусоиди танзим, ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ, коҳиш додани норасоиҳои гендерӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Гарчанд сармоягузорӣ ба технологияҳои рақамисозӣ ва молиявӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани устувории хонаводаҳо ва тиҷорати хурд муҳим аст, эҷоди боварӣ тавассути ҳифзи истеъмолкунандагон ва мувофиқсозии таҷрибаи онҳо барои таъмини дастрас, муассир ва бехатари хадамоти молиявӣ низ муҳим аст. Бо мушкилоте, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо сабаби ҳаводиси дар дунё ба вуҷуд омада,  рӯбарӯ шудааст, оғози татбиқи стратегия дар як лаҳзаи муҳим рост меояд ва ин марҳалаи муҳиме дар роҳи ҳадафи фарогирии молиявӣ барои ҳама аст. Татбиқи нақшаи амали стратегия иқтисодиётро устувортар ва пешрафти бештари кишварро дар солҳои оянда таъмин хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.