Қазоқистон барои таъмини бозори дохилии худ ва ба эътидол овардани нархи ин сабзавот масъалаи харидории пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Вазорати савдои ин кишвар хабар медиҳад.
Аввали моҳи март Қазоқистон дар бораи интиқоли сабзавоти барвақтӣ аз Тоҷикистон дар давраи байни мавсимҳо созишнома ба имзо расонид. Он замон дар доираи сафари муовини аввали вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Арман Шаккалиев ба Тоҷикистон дар бораи таъмини бозори Қазоқистон бо сабзавоту меваи зарурӣ аз Тоҷикистон дар давраи байни мавсимҳо, ки захираҳои сабзавоти маҳаллӣ ба охир мерасанду ба воридоти онҳо талабот пайдо мешавад, гуфтушунид шуда буд.
Ба ивази он ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон гандум ва орд интиқол медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин зикр шуд, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин кишти барвақтӣ ва такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ шароити мусоид мавҷуд аст.
Қобили зикр аст, ки имсол майдони кишти пиёз дар Тоҷикистон то 17 ҳазор гектар зиёд карда шуданд. Ҳосили пиёз дар давоми мавсим бояд 747 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.
Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон натанҳо талаботи аҳолиро бо ин навъи сабзавот қонеъ месозад, балки зиёдатиашро ба хориҷи кишвар содир мекунад. Талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба пиёз 250-300 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад.
Сеть АЗС «Ориё» представила новую марку бензина «Z power 100»
Эмомали Рахмон поздравил Касым-Жомарта Токаева с днем рождения
Селевые потоки перекрыли автодороги на востоке страны
АБР, скорее всего, примет участие в финансировании Рогуна
У сборной Таджикистана появился последний шанс получить лицензию на Олимпиаду-2024
В горах Ромита погиб подросток
Девушка из Таджикистана – в Исполкоме АФК. Впервые в Центральной Азии
В Таджикистане решили инвестировать в молодежь
Развитие цифровизации: как «Rebus» ведет Таджикистан к инновационному будущему
Суд в Москве продлил арест еще четверым фигурантам дела о теракте в «Крокусе»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста